Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Аҳли адаб таҷрибаи зиёд андӯхта, ба хулосае омадаанд, ки дӯстро дар лаҳзаи вазнинӣ бояд шинохт. Ба маъnӣ гуфтаанд:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Оре, саодату камолоти миллат ва бахту иқболи он дар ҳамкорӣ ва робитаҳои дӯстиаш бо мамолики мухталиф боз ҳам бештар мегардад. Маҳз дӯстӣ ба одамон хушбахтӣ меорад.

Пайдост, ки наслҳо паси ҳам омада, боз мераванд. Аммо дӯстӣ мисли Моҳу Хуршед ҷовидон аст. Абӯшакури Балхӣ безавол будани дӯстиро чунин ба қалам додааст:

Ҳама чиз пирӣ пазирад бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон!

Ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамдастӣ ниёз дорад. Дӯстӣ бо мардуми олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Аз ин хотир, шинонидани дарахти дӯстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ салоҳ аст. Ҳақ ба ҷониби Ҳофизи Шерозӣ, ки фармудааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад.
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

«ОБ – РӮШНОӢ»

Об мӯъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олам аст.
(Арасту)

Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободӣ

пешина
аз 40
навбатӣ