Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

АдабиётМаориф
Аз аввал хондан

ХАТЛОН - МАХЗАНИ ҲУНАР

Хатлон яке аз манотиқи бостонии Тоҷикистон буда, ба он тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ҳудуди навоҳии имрӯзаи Хатлон ва як қисми соҳили рости дарёи Панҷ, инчунин, Бадахшони Афғонистон дохил мегардад. Мувофиқи маълумоти «Ҳудуд-ул-олам» Хатлон аз мавзеъҳои ободу зебо ва тараққикарда буд, шаҳрҳову рустоҳои обод дошт. Ба шаҳрҳои Хатлон Ҳулбук, Мунк, Тамлиёт, Андичароғ, Искандара, Мерканд, Барсарих ва ғайра мансуб буданд. Роҷеъ ба мазмуни калимаи Хатлон дар миёни олимону донишмандон ва муаррихон ақидаҳои мухталиф мавҷуданд. Қисме бар онанд, ки маънои Хатлон аз номи қабилаҳои пешгузаштаи тоҷик Ҳайталиён гирифта шуда, маъниҳои зиёде, амсоли далер, ҷасур шуҷоъ, тирандоз ва шердилро дорад.

Гурӯҳи дигар чунин мешуморанд, ки маънои Хатлон номи як гиёҳи табобатӣ аст. Шояд ин таъбир саҳеҳ бошад. Оид ба қадимӣ будани шаҳру деҳоти Хатлон ҳанӯз аз замони лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ ба ин мулк маводи таърихӣ омада расидааст. То имрӯз расидани номҳои қадимӣ, мисли Шаҳри Барбар, Исни Кӯлоб, Сайёд дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Шаҳристони «Золи зар» бори дигар аз таърихӣ кӯҳан доштани Кӯлоб гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳудуди Хатлон ноҳияи Фархор дар қиёс ба дигар манотиқи он ҳарчи бештар ҷойҳои таърихӣ ва қалъаю кушкҳо дорад. Солҳои 70-уми асри ХХ бостоншиносон, аз қабили Муҳиддинов Х., Зебилина Н., Литвинский Б. ва даҳҳо нафари дигар дар ҳудуди Фархори бостонӣ тадқиқотҳои бостоншиносӣ гузаронида, ҷойҳои таърихӣ, Қалъаи Пучқоқ, Шаҳристони Шаҳртеппа, деҳкадаи Макони Моронро муайян намуда буданд. Дар ин ҷойҳои таърихӣ қалъаю кушкҳо ва Шаҳристонҳои антиқа пайдо гардидааст.

пешина
аз 40
навбатӣ