Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

нашинохт? Аз нав ба ӯ сим занад? «Шинохтам» гуфт. Аз ҳайрат Мушарраф аз ҷояш намеҷунбид...

Дар хонадони Шаҳнозино ҳам аз ин гуна якбора тағйир ёфтани Шафиӣ модары духтар ҳайрон монда буданд. Вай ба хонаи онҳо дигар сим намезад, ба пурсишҳояшон ҷавоби дуруст намедод. Дар хаёли Шаҳноз ҳам гӯйӯ Шафиӣ набуд. «Ба ин одам чӣ шуда бо-шад?» аз модараш пурсид Шаҳноз.

Онҳо нафаҳмиданд, Мушарраф ҳам намефаҳмид, намедонист, ки Шафиӣ аз дили софу тинати пок ғами ӯро намехӯрад, намедонист, ки ин марди кӯҳансол аз мор ҳам бад, заҳрдортару хавфовартар аст... Вай ба мақсадаш расида буд: Нозимиро аз рӯи шикояти Шаҳноз боз муҳокима карданд. Шикояти хаттӣ не. Вай ба Мавлонзода арз кардани будааст. Мавлонзода, ки ба ақидаи худаш, як бор дар масъалаи ин одам сӯхта будааст, ин дафъа ҳушёр шудааст. Таъҷилӣ Нозимиро муҳокима карданд, худаш таклифи аз кор рондани ӯро ба миён гузошт.

«Шафиӣ аз Нозимӣ халос шуд, ташвишу таҳлука-ҳояш фоида оварданд. «Хайрият, шукр», мегуфт. Он рӯз барои Шафиӣ рӯзи шодмонию хурсанӣ буд. Му-шаррафу Шаҳноз дигар ба ӯ лозим набуданд, «раванд, гум шаванд инҳо», заҳрханде гирди лабонаш сайр ме-намуд.

Мушарраф ба деҳа кӯчида омада буду хаёлаш ҳа-нӯз ба Шафиӣ: чаро вай ба ӯ гап назад? Аз забон монд. Чаро?

Падараш дар хона, рӯи якандози дарози бахмали сурх дароз кашида буд. Дар пойҳояш маҳсӣ, дар сар арақчин... Саллаашро пеши рӯяш болои болишт гузоштааст. Аз боғ омада будааст, аз кор хастаю монда шуда. Бо газетае гоҳ-гоҳ ба рӯяш бод медод, донаҳои арақро аз сари рухсораҳояш бо лаби остини дарози куртааш пок мекард.

— Ассалом, додо,— пеши падар бо сари хам истод Мушарраф.

— Худат омадӣ? Маҷбур шудӣ? Боз рафт? Наис-тод? — аз рӯи ба сари Мушарраф омада падараш огоҳ буд, ки сазояш дод.

— Додош!...— Таҳдид кард ӯро бо ангушт модар.

— Бачаҳоям сағера нашаванд гуфтам, додо, ба хо-тири онҳо... — Наздики болини падар нишаст ӯ.

— Ман, бачам, фақат мурдани худамро намедонам,

пешина
аз 399
навбатӣ