Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Салом надод, ба хаёлаш намеояд, ки соҳиби хона омад. Хунибинимурда! Исто, ки ин мард боз падари ӯ абошод. Дар набудани ӯ... Модараш ку? Фаровардани бори улавҳоро аз хотир бароварда, яккачилави аспашро аз даст раҳо дода гурс-гурс ба ҷониби пешайвон шитофт. Марди ношинос бо сари хам аз ҷой бархост. Меҳрупон дар бағалаш, дасти ӯ дар гарданаш. Дастаи қамчинро миёни панҷаҳои шахшӯлаш сахттар фушурда ҳашпашкунон аз пеши Нозимию Меҳрупон гузашт. Дарро бо неши мӯзааш сахт зад. «Куҷоӣ-ту? Канӣ ин тараф баро!» Фарёд баровард. Канӣ ту дар куҷой?..» Пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифта буд. Мушаррафро намедид, Мушарраф сари гаҳвора нишаста ба кӯдакаш сина мемаконд.
— Омадед, додош, салом, — пеши шавҳараш хест.
— Вай кӣ? — Дастаи қамчин ба сари Мушарраф баланд шуд.
— Додои Меҳрубон.
— Шавҳарат?! Дар набуданам болои хонаам овардӣ... Беҳ-беҳ кардӣ? Дунёро бе душман дидӣ, бева?! — Дастаи қамчин миёни панҷаҳои Абдушукур сахттар фушурда мешуд, почак мезад, ба замин туф мекард.
— Худаш омад, равад наистад...
— Ту тасаввур мекунӣ, ки ман вай одама, худата, кӯдакатро чӣ мекунам? Аз дами теғ мегузаронам. Ман-ро Абдушукури қассоб мегӯянд, одам дар назарам чени паша қадр надорад. Ту чиба вайро болои хонаи ман овардӣ, бева, чиба? Дар набудани ман? Гум шав, нобуд шав! — Бо кунҷи оринҷ тела дод ӯро. Сари Мушарраф ба девор бархӯрд, баъд ба замин пеши пойҳои шавҳар афтод. Бо қамчин ба сараш фароварда шуд... Дасташ дар ҳаво муаллақ монд. Нозимӣ ба хона даромада Абдушукурро дошт.
— Ман худам омадам, кофта-кофта пеши бачаам омадам, модари кӯдакатро назан, вай гуноҳ надорад. — Нозимӣ Абдушукурро ба ақиб, ба тарафи дар кашид. Абдушукур гӯё акнун дарк намуд, ки бо кӣ бояд дарафтад, вайро қариб аз хотир баровард. Ана ӯ, дар рӯ ба рӯяш, ҳатто аз гиребонаш доштааст.
— Ту хонаи ман, болои зану кӯдаконам даромардӣ?! Аҷалат расида будааст, акнун аз Сиёҳдона мурдаатро мебаранд, мурдаатро! — Занашро ба ҳолаш гузошта Абдушукур ба Нозимӣ дарафтод... Бо мушт, бо лағат, бо дастаи қамчин ӯро мезад. Дарранда барин менамуд,

пешина
аз 399
навбатӣ