Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

азобу ранҷ халос шавад, хонаю дар ёбад... Сағераҳакам рӯз бинад...— мегуфту гаҳвораи тифлашро мечунбонд.— Ақаҳакат синаи модарро сахт газида будааст... Як луқма нон дар танаш заҳр, кори як хонадони калон ба гарданаш, тағоҳо, янгаҳо, бачаҳои онҳо, бобояш фақат «Меҳрубон, ҳа дав», гуфтагиашон гуфтагӣ. Гову мол мегӯяд, обу алов мегӯяд, оғил мерӯбад. Аз пагоҳ то бегоҳ бачаҳаки эркаам ба по рост. «Хоб рафтан на- мемонанд. Ситораҳо дар осмон маро бедор мекунанд, ба говҳо коҳ андоз, ҳезум биёр, алови печро даргирон...» кор мефармоянд. Меҳрубонҷон ба ман шикоят мекунад. Лекин ман чӣ карда метавонам, аз дастам чӣ меояд? Ман чию як санги сиёҳ чӣ... дамам дарун, сиёҳу кабуд шуда мешинам... Мактаб ҳам рафта наметавонад, «кор- кун» фармоиш медиҳанд.

Мушарраф борҳо аз рӯзи сиёҳи тифлаш ба падар шикоят карда, гуфтааст, ки ба бачаҳаки ӯ раҳм ку- нанд, ин қадар вайро кор нафармоянд.

— Чӣ шудааст?— мегӯяд падар.— Ба сари вай мо доғ намондем-ку. Ё хабар мекашад? Вай ҳамин хел аст, маҳмадоно, гирёнчак, қаҳринӣ. Тавба, мо ба вай, бадӣ накардем, кор ёд гирад, фоидаи худаш, хор наме- шавад.

Падараш боз мегӯяд: «сағера ба ҷое мерасаду са- ғарапарвар не..»

Шаб Меҳрубон ба хобаш даромад. Қасал, «оҷаҷон, ман дигар хеста наметавонам», аз зӯрии дард нолид ӯ.

Хурдакакҳояшро пеши писандарааш Ҳиҷрон гузош- ту пагоҳӣ қатӣ ба роҳ рӯ ниҳод. «Меҳрубон дар хобам даромад, худо нишон надиҳад, боз ягон воқеа рӯй на- дода боғпад...» мегуфт ва аз пайроҳаҳои пурбарф, аз роҳе мегузашт, ки ҳоло дар айни нимрӯз — аз гармо нафасгир шуда зери дӯлонаи сари кӯтал нишастааст. Барф соқи маҳсияшро паноҳ кард, пою дасту панҷа- кояш хунук хӯрданд, аз хунукӣ пайкараш меларзид, рӯ ба нишеб — ба ҷониби Гули Хайрӣ, ба ҷониби Меҳру- Бонаш медавид, ба чуқурии пурбарфе афтод, боз хест, рӯ ба пеш овард... Рӯбоҳе аз паси як санг ҷаҳида аз сари роҳаш гузашт, аз ҳарос шах шуд, намеҷунбид. Ха- ёл кард, ки гургон ӯро миёнгир карданд. Роҳ хилват, ба ҷуз ӯ касе наменамуд, дар гирду пеш сангҳои ка- лон-калон, онсӯтар, сой, боз дара, нишебию баланди... Миёни ҳамаи он як худи ӯ. Мардум дар ин рӯзи барф, пагоҳии барвақти зимистон аз хонаҳояшон намебаромаданд.

пешина
аз 399
навбатӣ