Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳушёр не, маст. Қалавида-калавида роҳ мегаштааст. Меҳрубонро хабар мегирифтааст. Рӯзҳои дароз-баъзан то нимаҳои шаб падару писар ҳамроҳ... дар боғҳо, паси дару деворҳо ҷои онҳо, ба ҳам менишастаанд. Сари падар рӯи зонуи Меҳрубон... Нозимӣ гоҳо ба мактаб мерафтааст, ба ҳамон мактабе, ки як вақте ҳама бо эҳтиром пешвозаш мегирифтанд, «нависанда, Нозимӣ омад», мегуфтанд. Мактабе, ки Нозимӣ ҳамин ҷо бо Мушараф шинос шуд. Имрӯз ӯ ба ҳамон мактаб ба дидани писараш наомад, маст наомад. Касе дигар ӯро Нозимӣ намегуфт, пешвозаш намегирифт, талабаҳо ӯро масхара карда атрофаш ғун мешуданд. Мудири мактаб, муаллимон гоҳҳо ӯро намегузоштанд, ба саҳни мактаб дарояд, пеш мекарданд ӯро, «рав», аз китфаш ба тарафи дарвоза тела медоданд.
— Шаби гузашта ҳамаамон дар хонаи Шоҳназар будем, — ба баёни воқеа сар кард модари Мушарраф.— Янгаат ош пухт. Шоҳназар аз колхоз пул гирифта будааст. Айби худаш шуд, кали нодида барин пулҳояшро ба ҳамаамон нишон дод. Меҳрубон ҳам ҳамон ҷо ҳамроҳамон буд. Ҳис кардам, ки пулро дида авзои бачаат беҷо шуд. Хушаш ба пулҳои дасти тагояш, чашм намеканд. То ними шаб гапзанон карда шиштем. Ақалан хоби Меҳрубон намеомад. Ҳар шаб намози шом нашуда хобаш мебурд. Вақти хестан шуд. Ҳама хона ба хона шуданд. Ману Сулҳия ҳам хестем. Меҳрубон намеҷунбид.
— Хез, бачам, — гуфтам.
— Ҳамин ҷо хоб мекунам, — гуфт. Ҳайрон шудем. Вай ҳеҷ вақт дар хонаи Шоҳназар намехобид. «Не, хез, бачам, хонаи худамон меравем», аз дасташ гирифтам, хезондаӣ шудам, нахест, куш, пӯстамро гиру намехезам, ҳамин ҷо хоб мекунам, мегуфт. «Хайр, ихтиёрат» гуфтам... Пагоҳӣ ҳанӯз аз хоб, нахеста будам, ки Шоҳназар дари хонаро кушод.
— Меҳрубон канӣ? — пурсид.
— Меҳрубон? О вай дар хонаи худат буд-ку, — ҳуш аз сарам парид.
— Нест.
— Куҷо шудааст?
Ҳамаамон Меҳрубон мекофтем, падарат ҳам хест, кӯдаку чӯдак ба ҳар тараф давиданд, кӯча ба кӯча, хона ба хона гаштем. На пай буду на Ҳайдар.
— Пеши очааш чӣ ҷавоб мегӯем? Бачаам куҷо шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё