Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар рӯз идора мебиёрад, пеши ҳамаамон мучӣ-мучӣ мекунад, телефони шӯъба ором не, ҳамеша банд... кор карда наметавонем.
— Муаллим чӣ гуфтанд?
— Худамро ҷанг кард: «Шумо, Шафий, пир шудед, пир. Нозимӣ ҳоло ҷавон, айни ҷӯшидану дамиданаш, монед кайф кунад, рӯз бинад. Пагоҳ ману шумо барин мӯйи сараш сафед, ки шуд, ба вай ҳам ҳеҷ кас нигоҳ намекунад, аз қатор мебарояд»... завқ бурда хандид.

Аз долон садои қадаммонӣ шунида шуд.
— Фикр кунед, келин, имрӯз — пагоҳ тӯй, ба ЗАГС ариза навиштаанд, фурсат намемонад... Баъд, куҷо равед, наравед, бефоида... — Саросема шуд Шафий. Шарфаи по наздик мешуд.
— Ин ҷо ҷои тап не. Ҳа, гӯед, хонаатон меравам, маслиҳат мекунем...

Шафий ба ҷониби дар рӯ гардонд. Котиба дарро кушод. Бо ҳазор карашма ба паси миз тоб хӯрд, курсиро пеш кашид.
— Шумо хола, холӣ ҳам ҳамин ҷо? — ӯ пойҳояшро ба таги миз дароз карда қоматашро ба пуштаки курсӣ такя дод ва мағрурона ба гирду атроф нигарист. — Мавлонзода намеоянд, — гуфт ӯ.
— Боз камтари дигар истам.
— Гуфтам-ку намеоянд...
— Рост мегӯед?
— Ҳа дурӯғ намегӯям, колхоз рафтанд, — котиба кадом як мурвати мошини хатнависиашро шараққос тоб дода, ангуштонашро ба рӯи ҳарфҳо бурд... Шарақ-шарақи мошини хатнависӣ баланд шуд. Мушарраф оҳиста ва бо дили кашол аз ҷой бархост.

Шефи шавҳараш Шафий куҳансол ба дили Мушарраф гӯё алов андохт... Шаб саҳар шуду ба дидааш хоб наомад. Болои сари Меҳрубону Мижгон хеста нишаст... Ба ЗАГС ариза навиштаанд, тӯй мешудаанд... Аммо вай, ба гуфтаи Шафий, ба фурсат, ба ҳеҷ ҷо нарафт, қалам болои коғаз набурд, гӯё ба онҳо боз некӣ, нағзӣ мехоҳад... Нимколамурод шаванд...

Котиба дирӯз гуфта буд, ки Мавлонзода пагоҳ ҳам намеоянд. Вале дилаш қарор нагирифт. Аз хоб хесту рӯ ба роҳи идораи газета овард.
Ҳанӯз кормандон ба кор наомада буданд. Мӯйсафеде аз ҷӯй бо сатил об мегирифту ба роҳравҳо мепошид.

пешина
аз 399
навбатӣ