Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Худам ҳам муаллим, ҳамин бачаҳоям хор мешаванд гуфта фикр мекунам, абошад...

Сухан дар забони Мушарраф монд. Яке аз телефонҳои болои мизи муҳаррир садо дод. Мавлонзода саросема, ё чӣ тавре мегӯянд, чорчангола ба он часпид.

— Ҳа, муаллим, ташаккур, муаллим. Гапатон рост, айби худамон, дар шӯъба бехабар буданд, ба хотири худам ҳам наомад дигар такрор намешавад... Ҳа, ман бо онҳо аллакай гуфтугӯ кардам, ҷазо додем, бале, аз кор меравад. Худам? Гуфтам-ку, дигар такрор намешавад, илтимос, ҳамин дафъа ҳам, муаллимҷон... — Дар ин чанд лаҳза ҳалку коми муҳаррир хушк шуда буд, зорию илтиҷо кард. Гӯшакро нагузошта хеле истод... Баъд оҳиста, бо ду даст боадабона онро ба ҷояш монд. Ҳамагӣ чанд лаҳза касе бо телефон ҳарф зад... Дар ҳамин чанд лаҳза вайро гӯё ба тахта рост кунонд, ҷонашро ба нӯги бинӣ овард, сару рӯяш арақшор гашт, гӯшаки телефон дар даст дуқату сеқат шуда салом медод, ба касе салом медод, ки аз назараш дур буд, вайро намедид. Чӣ касе буд ӯ? Муҳаррир намедонист. Вале касе буд набуд, ки соҳибмансаб, зӯр, хӯҷаин буд.

— Келин, шумо чӣ гуфтани будед? — Мавлонзода ба сақфу фарши хона назар андохта ба хаёлаш гӯё боз Муҳарраф расид.

— Муаллим, гуфтам-ку ба хотири бачаҳо, хор нашаванд, мегӯям.

Боз як телефони болои миз ҷарангос садо дод... Муҳаррир даст ба ҷониби он бурд... Муҳаррир ҳамаи телефонҳои қатори назди муҳаррирро дар дил дуои бад кард... «Ёфтанд вақти занг заданашонро... чанд рӯз боз ӯ ин одамро меҷӯяд, ба вай аламҳои дилашро изҳор карданист, аммо ин телефонҳои сабил... ҷаранг-чурунг»... Вай хӯҷаин ҳам гӯё ба назди Мавлонзода омадани Муҳаррафро поида шишта будааст. Кайфияташро ночӯр кард. Худо занад ӯро, шикананд, хокистар шаванд телефонҳо. Душманҳои ҷони ӯ шуданд ҳамаашон!

— Муаллим, мегӯянд-ку, ҳар гул дар буттаи худаш зеб дорад, намехоҳам косаҳои ширам...

Боз занги як телефон баланд шуд. Гӯшакро бардошта ранги рӯи Мавлонзода канд. Аз афташ боз ҳамон хӯҷаин буд.

— Келин, чӣ мекунем? Маро чеғ доранд, маҷлис будааст, — бо дили нохоҳам аз ҷояш хест ва ба ӯ фармуд,

пешина
аз 399
навбатӣ