Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Шарм надоштӣ? Ба вай часпидӣ? Тамошобин ғун кардӣ?...
— Дилат сӯхт? Шарманда шуд, мегӯӣ? Нағз нашуд? Ҳолӣ ин ҳеҷ гап не, ман вая ба ин рӯзаш намемонам, мекушам, шармандаи бозори маҳшар мекунам, — оташинтар мешуд Мушарраф. Суханҳои дар умраш ба шавҳар нагуфта ба забонаш омаданд.
Меҳрубону Мижгон аз хаёли падару модар рафта буданд. Ҳар ду паҳлуи якдигар, болои гилем ёзида, дастҳо зери сар хобашон бурд. То кай падару модар бо ҳам ҷанг карданд, онҳо намедонистанд. Вақте аз хоб бедор шуданд, ки саҳар шуда буд, олови ҷанг ҳанӯз фурӯзон, Нозимӣ аз ҳуҷрааш берун шуд. Меҳрубон боз бо сари ҳам пеши роҳаш омад. Аммо чашмони вайро гӯё парда гирифта буд, намедид фарзандҳояшро, хонаю дар, Мушаррафро, ҳеҷ ҷойро!.. Ҷомадоне дар даст аз дар берун шуд. Шаб, рӯзи дигар ҳам наомад ӯ. Чашми Мижгон, Меҳрубон ба роҳи падар чор. Боз шабҳо, рӯзҳо гузаштанд. Ҳафаю маъюс буданд азизгиҳои Мушарраф...
Меҳрубонро падараш бо худ омӯхт карда буд, ҳамраҳаш мехобид. Баъзе шабҳо падари Меҳрубон дер меомад, қарибиҳои ними шаб. Навбатдор мешуд, газета мебаровард, як газетами аз аввал то охир худаш мехондааст, сатр ба сатр, ҳиҷо ба ҳиҷо, то ҳарфе наафтад. Меҳрубон то падар омадан намехуфт... Даруни ҷойгаҳ менишаст, гӯшаш ба ҷониби дар. Ҳамин, ки садое мешунид, «додом омаданд, хезед, оча!» мегуфт ӯ. Ба сӯи дар медавид, чапак мезад, суруд мехонд, дарро кушода ҷузвдонро аз дасти ӯ мегирифт. Мушарраф чой дам мекард, дастархон мегустурд.
Меҳрубон ҳам паҳлуи падар, нону чой мехӯрданд онҳо. Ба вай ҳамаи кору гапи онрӯзаи хонаашонро «хабар» мекашид, сирре пӯшида намемонд, бо кадом чӯраҳояш бозӣ ва даводав карданҳояшро ҳам ба падар мегуфт... Баъд ором мешуд, хобаш мебурд.
Рӯзе Меҳрубон мешунид, ки шаб падараш навбатдор аст, ӯро ғам мегирифт, илтиҷо мекард аз ӯ, ки барвақттар ояд, барвақттар...
Аз ҷанҷол бардошта, аз хона баромада рафтани Нозимӣ рӯзҳои зиёде гузашт. Ӯ дигар намеомад. Гӯё хоби писаракашро ҳам бурда буд. Ба хаёли Меҳрубон, ки падараш навбатдор асту меояд, хобаш мебурд. Бо хаёли падар бедор мешуд, ба паҳлуяш менигарист. Медид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё