Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ӯ нест, ҳиҷил мегашт, хеста сари ҷойгаҳаш менишаст, ба тарафи дар гӯш медод, бо умеде, ки ҳоло садои занг баланд гашта падараш меояд, бо умеде, ки модар чой дам карда дастархон паҳн мекунад ва пеши падараш нишаста ба ӯ боз «хабар мекашад», мегӯяд, ки дигар наравад, модараш бо вай ҷанг намекунад...

Меҳрубон баъзан ба паси мизи кории падар мегузашт, болои курсича баромада ба сурати ӯ, ки даруни чорчӯбаи зарҳалини тани девор буд, менигарист, мегирифт онро, мебӯсид, ба чашмонаш мемолид, ба сандуқи синааш паҳш карда «додоҷонакам» гуфта овоз мебаровард. Суратро ба ҷояш монда телефонро пеш мекашид, гӯшакро мебардошт, ба падараш, ба ҷои кори ӯ сим задан мехост, вале ақлаш намегирифт, рақамҳои онро чапаю роста бо ангутонаш тоб медод, муроде ҳосил намешуд. Пеш аз ҷанҷолаш модараш ҳар рӯз чанд бор бо ҳамин телефон бо падараш гап мезад. Меҳрубонро ҳам ҷеғ зада «додоят» гуфта гӯшакро ба ӯ медод. Вай онро ба гӯшаш сахт паҳш карда «додо, додоҷон, хона биёед, тез биёед», мегуфт. Гоҳо ҳангоми рӯи хона давида бозӣ карда гаштани Меҳрубон садои занги телефон баланд мешуд. Ӯ гӯшакро мебардошт, овози падарашро мешунид «оҷа, додом, додоҷонам!» модарашро ёфта меовард... Вале телефон акнун хомӯш, гӯё ях бастааст, садое намедиҳад.

Ҳамроҳи модар Меҳрубон ба ҷои кори падараш ҳам рафтааст. Идораи газета аз хонаи онҳо дур нест. Дар миёни роҳи калон, баъд бинои баланди хонаи маданият, боғи себзор, дар оғӯши ана ҳамин дарахтон ҷойгир аст. Аммо барои Меҳрубон барин бачаи хурдсол аз ҳамин роҳи калон гузаштан осон нест. Мошин бисёр, мӯру малах барин, думаш асло канда намешавад. Ғув-ғув мегузаранд мошинҳо. Чанд рӯз боз хаёли Меҳрубон ба ҳамин роҳ, бинои баланди хонаи маданият, байрақҳои алвонии болои он... Тарҳи роҳ мекашид, пеши падар, ба ҷои кори вай рафтанӣ, дар орзуе, ки падарашро ёбад, аз дасташ дорад, сар надиҳад, гирифта хонаашон орад.

— Оҷа, додом кай меоянд? — Аз модараш пурсид Меҳрубон.

— Намеояд дигар, раҳаш сиёҳ, паяш канда шуда рафт.

— Дуои бад накунед додома.

пешина
аз 399
навбатӣ