Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Вале, аз афташ, худаш дар ин хусус фикр намекард, дари утоқашро кушод. Боз даст пеши бар «марҳамат», гуфт ба ӯ. Аз паси Нозимӣ ба утоқи мудир даромаданд ҳама. Дар баста гашт. Лекин назари Мушарраф ба роҳи рафтаи Нозимӣ, ба дари утоқи мудир.
Садои занг баланд гашт, дарс сар шуд... Муаллими адабиёт Содиқӣ чанд дақиқа паси миз истода хонандагонро «ҳозиру ғоиб» кард. Аммо ҳанӯз номи Нозимӣ дар забони духтарон буд... «Зан дошта бошад?» — суол дод яке. Баъд ҳама думи ин гапро сар надоданд, ба ким-куҷоҳо бурданд... Хандиданд... Дар бораи ӯ аз Содиқӣ пурсиданд. Муаллим вайро мешинохтааст, ба таърифи вай сар кард... Агар ҳамин Содиқӣ ӯро таъриф намекард. Ё яке аз дугонаҳояш вайро санг мезад, безеб мегуфт... Не, Нозимиро касе бад нагуфт, фақат таърифашро шунид, ба осмон бароварданд ӯро. Ба дили оташгирифтаи вай бод андохтанд, худашро гум кард, фидои ин аҳмақ (албатта имрӯз мегӯяд ин ҳарфро) шудан хост.
Нозимӣ яке аз ҷавонҳои болаёқат, — мегуфт Содиқӣ боз дар ситоиши ӯ. Қаламаш тез, забонаш ширадор, боилҳом менависад, ҳикоятҳояш хурд-хурд, лекин маънии баланд доранд, ба зиндагӣ наздиканд, дарди рӯз... Нависанда Қӯтосӣ ба вай ихлос пайдо кардааст, «Адабиёти тоҷик дар оянда аз ӯ сарсабзиҳои нав умед дорад» гуфтааст... Ин баҳои баланд... Ана ҳамин хел як нависандаи зӯр, ояндадор, оҳоло дар мактаби мо, бо вай вохӯрӣ мегузаронем. Ҳозир бо вай сӯҳбат кардам. Гуфт, ки китоби ҳикояҳояш мебаромадааст, сураташ қатӣ... Дар ин синну соли вай соҳиби китоб шудан осон не, бебаҳо будааст ин бача, худаш ҳам ҷавони бамаънӣ, дил-ёб, хушгап. Ба фикрам, Ҳаким Карим барин як ҳикоянависи машҳур мешавад. Ба бахти мо ҳамин одам ҳамдиёрамон, хонаашон дар колхози ҳамсоя, дар паси теппаҳои деҳаи худамон, мо бояд фахр кунем... — Мавзӯи дарси Содиқӣ таҳлили ҳикояҳои Нозимӣ, ҳаёту эҷодиёти ӯ буд, ки дақиқаҳо мерафтанду вайро васф менамуд... Ҳанӯз мавзӯи сӯҳбати муаллим дигар нашуда буд, ки чанд бор дари синф оҳиста тиқ-тиқ зада шуд. Мудир дарро кушод. Баъд Нозимӣ пеш даромад. Рӯ ба рӯи онҳо назди лавҳа истод. Мушарраф ва дугонаҳояш аз наздик ӯро диданд. Ситорааш гарм. Дар чашми Мушарраф ширинтар менамуд вай. Манаҳашро рӯи дастони болои ҳам мондааш гузошт, аз таги рӯи Нозимӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё