Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Агар аз ҳолаат пурисанд?
— Кай?
— Пагоҳ.
— Дидӣ, ҳоли намепурсанд, пагоҳ мепурсанд, то па-гоҳ як ҷувол умр лозим. Ҳамин шаб агар гузарад, ба ману ту ҳамин ҷо ягон гап нашавад, шуд. Баъд ба са-ри ман ҳар балое ояд, розиам, фақат ҳамин шаб гузарад. Ё ту метарсӣ?
Рустам ҷавоб гуфта натавонист.
Қалтаи Мансурро савори аспи гули бодомаш миёни ҳавлиашон медид. Аспи маст сулук мехоид, як ҷо истода наметавонист. Вай лаҷоми аспро тарангтар мекашид. Пеши Рустам беписандона бо модари ӯ арзи дил мегуфт. «Абдусаломро гусел кардӣ? Рафтагиаш нағз... зиқ нашав, ҳайф мешавӣ...» Падараш ба вай мегуфт: «Ҳозир ист, ман ҷанг равам... вай бепушт-пӯшт хона даромада меояд, очаатро бадному садном мекунад...» Ана аз падарашро гусел кардани онҳо як рӯз нагузашта Қалтаи Мансур омад, ба сари модараш омад... Механдид ӯ. Аз ханда пеши чашмони калон-калонаш ожангҳо чун шулукҳо ҳалқа мехӯрданд, си-мои ӯ боқароҳаттар мешуд.
— Медонам, — гуфт Парвона — аз Қалтаи Мансур метарсӣ, ҳама аз вай метарсанд, як ту не. Юраки ҳа-маро гирифтааст.
— Ман аз вай наметарсам.
— Рост?
— ...
— Ҳамин пагоҳ хонаамон омада буд. Мӯҳлати тӯя муайян кард. Шаби ҷумъа.
— Худат ба тӯй розӣ?
— Розӣ?! Табъам мекашад, ки ман бо он шал дар як болин сар монам? Не, сарамро ба гӯр мебарам.
— Ягон илоҷ ёфтан лозим.
— Чӣ илоҷ? Канӣ, худат бигӯ. Барои маслиҳат, барои ҳамин гапа гуфтан ба хонаатон рафта будам. Лекин пешонаам арақ кард, аз кори кардаам пушаймон шудам...— аламҳои Парвона тоза шуданд.
— Малол нашав, Парвона, илтимос, аз очаи ман наранҷ, он кас ҳамин хел, баъд пушаймон мешаванд, аламашон зиёд, — Рустам бастаи мӯи Парвонаро миёни ангуштонаш дошта ӯро навозиш мекард, узр мепурсид.— Ягон илоҷ ёфтан лозим,— гуфт ӯ боз.
— Чӣ илоҷ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо