Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Ҳарчанд насиҳат шунид, навакак бобои Нуратулло як олам ба ӯ панд гуфт, лекин дилаш ба модар мисли пешина не. Сард буд дилаш...
— Рустам, бачам, ба ман гӯш кун, — лаби кӯрпаро аз болои сари ӯ кашид модар. — Хез хона даро, биё, — гуфт.
— Намеравам, ҳеҷ ҷо намеравам, — ғур-ғур кард Рустам.
— Номаъқулӣ накун, Рустам, хез, зуд хез.
— Ман ҳамин ҷо хоб меравам.
— Бачам, ҳамин ғаму алами худам бас нест, ки ту ҳам маро азоб медиҳӣ?
— Ман ба шумо кордор нестам.
— Кордор набуданатро мефаҳмам, бачам, худатро хӯрда гаштаӣ. Майлаш хуб мекунӣ, маро бад бин, ту ҳам фикри бад кун, ман гунаҳкор.
— Ман шуморо гунаҳкор нагуфтам... Ман ӯро мекушам.
— Бачам, ман худамро нобуд мекунам, ё аз қишлоқ баромада меравам, роҳи дигар нест. Номам бад шуд. Хаёлам, ки ягон одами қишлоқро набинам. Рӯям дуд мекунад, мурдан мехоҳам...
— Айби шумо нест...
— Ту бачаи ман бошӣ, хез, ҳамин ҳозир, ҳамин шаб аз Гулоб меравем, дигар ёди Гулоб намекунем, обаш ба мо ҳаром шуд, меравем...
— Куҷо меравем, оча? Ин хел нагӯед...
— Таги осмон кушод, ягон ҷой ёфт мешудагӣст.
Баҳси меравему намеравеми Рустаму модараш гӯё охир надошт. Модар гирён-гирён аз назди ӯ дур шуд...
— Зинда мондани маро нахоҳӣ, бачам, хайр, дидорҳо ба қиёмат, паноҳат ба худо, — гуфтӣ аз дарвоза баромад. Шараккоси дарвоза Рустамро ба худ овард: наход модараш ҳам худкушӣ кунад? Наход аз ӯ ҳам монад?! Ӯ парида аз ҷояш хест. Модараш дар паси дарвоза, дар наздикиҳо наметофт. Худро ин тараф он тарафи кӯча зад, аммо набуд ӯ. Ба замин даромад, ё ба осмон рафт? Гум буд. Рустам давид, аз кӯчаю пас-кӯчаҳо гузашт, аз қишлоқ берун рафт. Наход модараш дар ҳақиқат аз паи худкушӣ афтод? Тарафи Сафедоб рафт? Худро ба он рӯди бетаг афканданист. Руде, ки мегӯянд, Парвона худашро ба қаъри он андохтааст. Марг ба ин Сафедоб, номаш гум, кош он дар Гулоби онҳо намебуд... Чӣ дарёест он, ки рӯзи вайрә

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо