Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

вай Ҷамиларо медонам, аз ҳамон давраҳои як ваҷаб кӯдак буданаш ба раис дил дода буд, ба ӯ ишваю ноз мекард... Худаш ба раис гап додааст, худаш мардакамро беҳ-беҳ карда ба сои Лойоб бурдааст... гуфтааст. Боз чанд занаки дигар ҳам ҳамин хел гапҳо бофтаанд... Дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не... Ин хел гапҳо баъди мурдани одам ҳам немонад. Аз ҳамин гапҳо гурехтааст модари Рустам.

— Ман Гулобро аз хотир мебарорам, бачам, ман мусофирхок мешавам, бачам! — оби дида сари рухсораҳои модараш омад. Дигар ӯ ба писараш чизе нагуфт.


Солҳо паи сол мерафтанд. Рустам хонадор шуд.
Ҳавлӣ хариданд, боғу майдон карданд. Гулоб оҳистаоҳиста аз ёд мерафт, шаҳрӣ шуда буданд Рустаму модараш. Вале симои Парвона аз дилу аз дидаи Рустам намерафт. Захме, ки аз туфайли ӯ аз Калтаи Мансуру Салими дароз зери чинори миёни дара ба сараш гирифта буд, шифо ёфт. Захме, ки аз он ҳар гоҳ сараш чарх мезаду дунё ба назараш торик мешуд. Гоҳо меафтид, гоҳи дигар базӯр ба по меистод... Меистод — меистоду ба худ меомад, дард мегузашт. Ин дард шифо ёфта буд, вале дарди аз фироки Парвона ба дил омадааш не. Дар гӯристони Гулоб маркади аз сангҳои мармари сиёҳ қадафрохтаи Парвонаро шабҳангом ҳам хоб медид. Соҳиби фарзандон шуда буд. Духтари башӯ дошт, писараш Фарзон паи зангирӣ. Вале ӯ чӣ падаре, ки ҳанӯз ҳам ошиқ, ошиқи Парвона...

Модараш хеле пир шудааст. Дар пирӣ Гулобро гоҳе хоб мебинад, гоҳе хобашро ба ӯ мегӯяду гоҳе ба об.

Ниҳоят сари модар ба болин омад...

— Гулобро хоб дидам, — гуфт модар.

— Шуморо мебарам, — гуфт писар.

— Мурдаамро?

— Не, оча, шумо ҳоло бардам, хешу таборҳоро мебинем, Гулобамонро ҳам. Соли кам нагузашт, оби кам ҷорӣ нашуд...

— Хаёл мекунӣ, ки аз хотирашон рафтааст?

— Ҳа.

— Не, бачам, сагҳои хобро бедор накунем, беҳтар,

пешина
аз 399
навбатӣ