Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷон қоҳондааст, мӯйҳои сараш сафед шудаанд. Худашон — одамҳои эродгир бошанд, пеши вай кӯдакҳои динангӣ, навомад. Не, ин хел фикрҳо надорад Мавлонзода, бехунирӯ, худозада. «Аз ӯҳдаи кор намебарояд, Шафиӣ», рӯирост эълон мекунад. Бо ин гапҳояш вай гӯё сагҳои занҷирбандро ба сӯи ӯ медавонад, киш-киш меандозад. Хурду калон ба мақолаҳои Шафиӣ, ба мақолаҳои шӯъбаи ӯ мечаспанд. Донишҷӯёни таҷрибаомӯз ҳам... Ғавғое мехезад, саг соҳибашро намеёбад.
Ягон калима, ҷумлаҳои хабару мақолаҳои аз дасти Шафиӣ гузашта, ба андешаи онҳо, бесаҳву хато не, ба замин мезананд, ӯро, ба хоки сиёҳ яксонаш мекунанд, бекадру беобрӯ мегардад... Ҳукм мешавад, ки материалҳои шӯъбаи Шафиӣ ба гӯшаи сиёҳ овехта шавад. Ҳамин тавр мекунанд. Шафииро силу зардоб карда куштанианд... «Ба ҷои шумо каси дигар мебуд, бо хоҳиши худ ариза навишта мерафт. Худ ва рафиқонашро ба азоб намемонанд...» Мавлонзода рӯирост талаби аз кор рафтани ӯро ба миён мегузорад. Худаш ҳам безор шудааст, ба дилаш задааст, гоҳо аз газета рафтаӣ мешавад... Вале фикр карда, фикр карда аз раъяш мегардад, даргоҳи газета муқаддас, ҷои кори бообрӯ. Аз идора, ки берун шавад, вай барои ҳама муаллим, дастҳо пеши бар. Ба куҷое бо хоҳише равад, ба чашм баҷо меоранд, аз вай метарсанд, албатта аз ӯ не, аз ҷои кораш, аз газета! Ба колхоз, хоҷагие ӯро бифиристанд, намегӯянд, ки ин одам камсавод, ё дар маҷлисҳо танқид мешунавад... Барои ҳама нури дида, тоҷи сар... Агар аз газета равад, аз куҷо ҷои кори мувофиқ меёбад? Намеравад, аклашро нахӯрдааст. Ӯро пеш кунанду рӯзашонро бинанд: коргари кӯҳна аст. Равад, патаку пайтоба барин бекадр, ба мурдаҳои гӯр баробар мешавад ӯ. Лекин дар идора барои ӯ ҷоҳканҳо ҳам ҳастанд. Якеаш ана ҳамин Нозимӣ — шогирдаш. Ӯро ба ҷои Шафиӣ гузаронданӣ, ҳамааш ҳамин, гов нест, пай мебарад.
Нозимӣ мухбири шӯъбаю аз мудир бообрӯйтар дар назди ҳама. Худи Мавлонзода ӯро эрка кардааст. Мақсаду орзуи Нозимӣ ҳам ҳамин. Барои мудир шудан ҷон меканад, кори худшах, кори шӯъбаҳои дигарро ҳам ба ҷо меорад, чӣ супорише диҳанд, не намегӯяд, медавад, дар маҷлисҳо саг барин мечакад, худнамо, ҳамааш ба як мақсад, барои вазифа, вазифа гуфта мемурад. Мавлонзода ҳам ҷои ӯро ба Нозимӣ ваъда кардааст, илоҷ меҷӯяд, роҳ аз ӯ халосӣ мекобад. Намеёбад. Ана, лахзаҳои

пешина
аз 399
навбатӣ