Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯ онҳо!... Бобои Сафар аз дами дарвоза ақиб гашт, ба болохона баромад...

Аз миён хеле вақт гузашт. Аз рӯи ҳавлиаш тапзании одамон ба гӯшаш расид. Омаданд, ана сар шуд! Ба даруни дарзаҳои алаф даромад, сараш, тамоми пайкарашро бо алаф пӯшонд. «Бобои Сафар», раис ӯро чеғ зад. Намояндагон ба хонаҳои ӯ, ки ҳама холӣ, дарҳо ба пушт кушода буданд, медаромаданд... Аз яке ба дигараш мегузаштанд.

— Куҷо шуда бошад?

— Кӯчу бандашро бардоштааст.

— Рафтааст.

— Куҷо?..

Бобои Сафар ҳис кард, ки аз зинапоя суроғ доранд, ёфтанд... Яке ба зинапоя часпид. Худи раис буд. Худо за надаш, ин одам ӯро шарманда кардани. Қадаме пеш монд, боз қадаме... Болои сараш омад. Бобои Сафар безобита шуд. «Худоё, набинад, кӯр шавад». Илтиҷо дошт ӯ. Аммо раис ӯро дид. Қоҳ-қоҳ хандид.

— Бобои Сафар, — раис хам шуда пойҳои ӯро, ки хода барин аз зери дарзаҳои алаф берун монда буданд, такон дод.— Пинҳон шудед, бобо? Шармандагӣ, айб...— Нуриддинов дигар намехандид... Бобои Сафар ақлашро хӯрда буд, ки чӣ карданашро намедонист, аз ҷояш намеҷунбид. Шарм медошт.

Раис дарзаҳои алафро аз болои ӯ гирифт. Бобои Сафар хест. Сару рӯ, либосҳояш пури хасу хок. Раис меҳрубонӣ дошт либосҳояшро меафшонд... Ҳамроҳаш аз болохона фуромад. Дар саҳни ҳавлӣ нигаронашон буданд, аз воқеаи пинҳон шудани бобо раис ба онҳо ҳарфе назад. Бо вай сӯи подаҷо қадам монд. Пеши чашмони бобои Сафар хира. Сабзазор, кӯчаҳои онро дигар намедид. Осмон, замину замон дар назараш гирдгардон.

Ҳамон милиционери қоматбаланди хароб ва намояндае, ки ба хаёли ӯ одами ҷоҳил, бедину бедиёнат менамуд, бобои Сафарро сарзаниш карданд. «Саркашӣ кардӣ, мӯйсафед, мо одамони давлат ду рӯз боз аз паси ту сарсону саргардон-а? Ҷазо мебинӣ», намоянда пӯписа кард. Ҳатто ӯ пештари мӯйсафед омад, аз афташ, аз гиребони ҷомааш гирифт, бобои Сафарро заданӣ ҳам буд. Чашмонаш аз ғазаб беҷо. Раис ба ӯ ким-чӣ гуфт, гапашон гурехт.

пешина
аз 399
навбатӣ