Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Вале ин одат ба шир надаромада бошад ҳам, аз афташ, ба ҷон мебаромадагӣ барин. Соатҳо забо-нашро таги дандон мегирад, гап назанам, мегӯяд. Вале намешавад, забони омӯхтаашро худо гирад.

Вай як рӯз бо ду гӯшаш шунид, ки келин ба Тал-бакҷони ӯ гуфт:
— Модаратро пеш кун, гӯӣ аз хона равад.
— О, вай кам гап мезадагӣ шудааст-ку, — дар за-бони Талбак садка шавад, ки ӯро тарафгирӣ кард.
— Гап назанад ҳам, афташ ба ман намефорад, бисёр хунук, ман аз вай метарсам, агар аз хона гум на-шавад... Ман меравам.

Ана ин гапи вай ганда буд. Наход кампири Сабрия-ро аз хонааш пеш кунанд? Таблакҷонашро монда вай куҷо меравад? Як нафас ӯро набинад, дилаш гуму ги-рех мезанад, девона мешавад. Дар дунё ҳамин як Тал-бак дорад охир.
— Оча, сарҳисобамро гум кардам. Рӯзам сиёҳ ме-шудагӣ барин. Келинат баромада меравам, мегӯяд. Чӣ кор кунам, а? — ҷигарбандаш лаб газид ва чашм аз ӯ гурезонд.

— Куҷо равам, бачам, ман дигар сарпаноҳе надо-рам. Якрӯза мурдаи ман аз хонаи ту мебарояд. Ҳамаи орзуву умедам худат. Бо нӯги оташков ба ман нон те, пасмондаатро эб набину аз хонаат пеш накун, бачам,— модар гирья кард. Талбак муддати мадиде хомӯш исто-да, илоҷи воқеа ҷуст. Вале хоҳиши арӯси зебо барои ӯ аз ҳама зӯртар буд.

— Ҳар рӯз ту ҳамин хел мегӯӣ, ҳазор бор мегӯӣ,— бедимоғ гуфт Талбак. — Охир, ту бе хеш нестӣ, хоҳар дорӣ, ана баъд бачаҳои амакат ҳастанд. Ман туро зуд-зуд хабар мегирам.

Модар дар ҷавоб ҳарфе нагуфта дари хоначаашро кушод. То пагоҳ аз он берун нашуд, худ ба худ гап ҳам назад. Гӯё ҳушёр шуда буд. Вале «ҳушёр» шуданаш ҳам нафъ наовард. Талаби келин аз писари вай қатъӣ будааст. Рӯзи дигар аз пагоҳӣ дар хонаашон боз шӯру мағал шуд. Келин либосҳояшро ба як рӯймоли калон баста аз хона баромад.
— Ман меравам, агар вай наравад, ман меравам, зан гир, зани хушрӯйтар ёб ту! — гуфт ӯ ба Талбак.

Талбак бо ғазаб дари хонаи модарро кушод.
— Гуфтам-а, оча? Рӯзам сиёҳ мешавад! Ё ту мехо-ҳӣ, хонаам вайрон шавад?

пешина
аз 399
навбатӣ