Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

оштӣ шавад, агар нахоҳад, не гӯяд, аз кор равад, редакция ҷои ин хелҳо не, ҷои одамони пок, тоза...— Муҳаррир Шафииро ҷавоб дод ва фармуд, ки баъд бо Нозимӣ наздиш дарояд.

Лаҳзаҳои шодиовари рӯзгори Шафиӣ даррасид. Аз утоқи муҳаррир бо чеҳраи шукуфон, табъи хуш берун омад. Дар кабинети худаш ҷои шишт намеёфт: ба курсичае нишаста пой рӯи по гузошт. Аз Нозимӣ дарак набуд. Нағз, ҳамин ки аз дар дарояд, хабари «хуш» мерасонад ба ӯ. Дилаш кашоли вазифаи Шафиӣ буд. Акнун рӯзашро мебинад...

Мискин харак орзуи дум кард,
Наёфта дум ду гӯш гум кард.

Аз редакция меравад, Шафиӣ аз як душмани ашаддиаш халос мешавад. Ҳамин хел рӯз ҳам мерасидааст. Агар аз ӯ халосӣ ёбад, дигар беақлӣ намекунад, ин хел шогирдҳои бало, оташакро намегирад, ягон гӯлу гумроҳашро меёбад, Нозимӣ меравад, меравад ба ҳамон қишлоке, ки аз он ҷо омад. Дидори шумаш дар гӯр, дар ягон газетаю журнал дигар кор намеёбад... Бадмаст, зану кӯдакҳояро партофт, ахлоқаш бад. Ҳазор қаламаш нағз бошад ҳам, кӣ ҷуръат мекунад, ки ӯро ба кор гирад? Аз сараш наметарсад ин хел одам? Мавлонзода буд, ки худашро ба таги гап монда ӯро ҳимоя кард, ин хел одамро дар газета нигоҳ дошт. Барои чӣ ӯро ба таги бол кашида буд вай? Оё ягон сире буд? Борҳо, ҳатто шабҳои дароз Шафиӣ майна об карда, дар ин хусус фикр кардааст. Андешаҳояш вайро ба кӯчаҳои қачу килеб бурданд.

Мавлонзода аз Нозимӣ пора мегирифта бошад? Ё вайро зиёфат додааст? Аз чӣ ҷиҳат забонкӯтоҳ шуда мондааст ин одам аз ӯ? Чӣ хел дили ӯро ба даст ги- рифтааст? Фикр мекард, далел меҷуст. Хислатҳое, ки ӯ андеша дорад, ба Мавлонзода бегонаанд. Худозада чунон поку беолоиш аст, ки аз ҳеҷ ҷиҳат ба тӯҳмат на- мепечад, чиркин намешавад. Ҳама медонад, ки ба ро- ҳаш рост мегардад. Аксари одамони дар сағирхонаҳо тарбия ёфта ҳамин хел. Хайр чӣ бошад, набошад, им- рӯз вай аз Нозимӣ рӯ гардонд. Оқибат саҳву хатоҳо- яшро дарк кард, меравад вай, гуму гӯр мешавад... Аз ҳаяҷону хурсандии аз ҳад зиёд беихтиёр ба рӯи миз мушт фаровард, қаламу ручкаҳо парида ба рӯи фарш

пешина
аз 399
навбатӣ