Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Даромадан лозим, пеш аз нимрӯз ҳам пурсида буд, чанд бор суроғ кард...
— Пурсида буд?
— Бале.
— Барои ҳамин ҳам маҷбур кардед, ки ба ин андоза арақ нӯшам. Дониста шумо ҳамин хел кардед?
— Ҳеҷ кас туро маҷбур накардааст, ту кӯдак нестӣ, ин хел гапҳоро нагӯй. Қариб ҳар рӯз менӯшӣ, маст меоӣ... Ё дурӯғ мегӯям? Дигарон намедонанд?
— Тӯҳмат накунед, муаллим. Шумо ҳозир худатон ба ман арақ гирифта додед, «нӯш» гуфтед. Маҷбур кардед...
— Рафтем, — аз зери бағали Нозимӣ дошт ӯ.
— Нарасед, — тела дод ӯро.
...Онҳо, устоду шогирд, паҳлуи ҳам менишастанд. Мавлонзода рӯ ба рӯяшон истодааст. Вале комати баландаш базӯр ба чашми Нозимӣ меафтад. Пеши назараш тира, ғуборолуд. Гӯшҳояш ғуввос мезананд. Маст, аз худ бехабар будани ӯро баробари аз дар даромадан ҳис кард Мавлонзода. Беақл нест, чашм дорад, мебинад. Ғазабаш омад, ғазабаш ояд ҳамин хел: гап намезанад, аз паси мизаш мебарояд.
— Нозимӣ кай ба кор омада буд? — пурсид аз Шафий Мавлонзода.
— Ҳозиракак.
— Ҳоло соат чанд?
— Қариб чор.
— Чаро ба кор дер меоед?
— Ҳамроҳи Шафий будам.
— Бо ман?!
— Ҳа, бо... — аз нафрати беинтиҳо дигар ба шумо гуфтани ӯ забонаш намегашт, вале боазоб боз «шумо» гуфт вайро.
— Шарм надошта ҳоло «арақро низ ҳамин одам ба ман нӯшонд» мегуфтагист ӯ...
— Инкор мекунед? Худатон маро аз роҳ гардонда ресторан бурдед.
— Боз чӣ гуноҳатро ба гардани ман бор кардаӣ? Духтарбозӣ, аз зану фарзандонат ҷудо шуданатро ҳам?!
— Кӯр шавӣ ту, бесаводи дилсиёҳ!!! — гуфт, сараш ба хаёлаш дам кард, хона барин шуд, таркид, шарораҳо аз он париданд, чашмонаш пӯшида гаштанд, дигар кушода наметавонист онҳоро. — Касеро ту хуб намегӯӣ, иғвогар, шӯрангез!... — ӯ аз гиребони Шафий дошта

пешина
аз 399
навбатӣ