Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
сип-сиёҳи зебо, зулфони бари рухсораҳояшро ғоз медоданд, сумкачаи ҷармини сиёҳи ӯро, ки ба китфаш овезон буд, мегирифтанд, мекушоданд, дарунашро мекофтанд. Ӯ ба онҳо чизе намегуфт, сарзанишашон намекард, аз рухсораҳояшон мебӯсиду мебӯсид...
Либосҳояш ранги ба ранг, ҳархела симкӯбу зархалкорӣ, шилшиладор... Миёни мӯйҳояш гулҳо. Шаҳнози ниҳоли нозук, чи хеле мегӯянд, парӣ барин мешуд...
Як чашм не, сад чашм дошта бошию нигоҳаш кунӣ он ҷавонмаргро. Даҳони кӯдакони беақлаш ҳам воз монда чашм аз рӯяш наканда меистоданд, лаҳзаҳо мегузашт... Тасаввур намоед, ки марди ҷавон — шавҳараш ӯро дар хона, дар наздаш дида ба чӣ ҳол меафтод...
Худаш ин паризотро пеши шавҳар меовард. Аҳмақ ӯ, аз аҳмақ ҳам бадтар. Гӯё вай аз дили мардҳо бехабар бошад, аз афташ, онҳоро ҳам худаш барин тасаввур мекард, аз ҳамаи фикрҳо, гумонҳо дур буд вай. Фаромӯш карда буд, ки мегӯянд: нӯшро хӯрдӣ аз неш андеша намо... Баъзан шакар безаҳр нест, шир дӯғ нест, ё баръакс... Болои ҳамаи ин дар зиндагӣ дар андеша шудани шахси оқил шарт... Вай фириб хӯрд, масхара шуд, сазояш ҳамин!
— Оҷа, шумо ҳам холаи Шаҳноз барин куртаҳои базеб пӯшед, хушрӯ шавед, — гуфт боре Меҳрупон.
— Бачам, додот ба ман куртаҳои нағз намебиёранд, пул надорам, мегӯянд, — шикоят кард Мушарраф.
— Тоқии зардӯзӣ доред-ку.
— Фақат як тоқӣ...
«Бачам, Шаҳноз либос напӯшад, ҳам хушрӯ». Нозимӣ бори нахуст ӯро дар пеши Мушарраф таъриф кард.
«Шаҳноз хушрӯ» гуфт вай? Ба ногоҳ дар дилаш оташи рашк барк зад: шавҳараш Шаҳнозро хушрӯ мегӯяд?
— Ҳамин хелҳо ба шумо маъқул? Мегӯед, ки ман ҳам байни мардум баромада рақс кунам? Ба рӯям упою ғоза молам? Либосҳои тунук пӯшам? Шарму ҳаёро як тараф монам?..
— Дод назан, ҳамсояҳо нашунаванд, — ӯро ором кард шавҳар.
— Намедонӣ ман дар куҷо кор мекунам, тирмизак?—
ғазабашро ба сари Меҳрупон рехтагӣ шуд Мушарраф. — Ман фаррошам, хок нагӯям, хокистар нагӯям,
лою ифлосиҳоро бо дастонам мебардорам, даруни обу
лой мелутам, бо меҳнати сиёҳ пул меёбам... Боз кори
хона... Фурсати дасту рӯй шустан, як либоси тоза пӯшидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё