Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Додо, як хоҳиш мекунам аз шумо. Не, нагӯед, додоҷон, — Мушарраф бо ангуштон мӯйсари Меҳрубон- ро оҳиста-оҳиста шона мезад.
— Чӣ хоҳиш дорӣ, гӯӣ, — бобои Меҳрубон дасто- нашро ба миён гузошта қомати баландашро рост кард.
— Худатон бо додои Меҳрубон як ҳамгап шавед, вайро ёбед, пурсед, канӣ чӣ мегӯяд, ҷон додоҷон, ҳа- мин хоҳиши маро ба ҷо биёред, хурсанд мешавам, до- до, — модари Меҳрубон манзилашро гузошта, аз шав- ҳараш дил канда рафта наметавонист. Хушаш ба Но- зимӣ, ба ақидаи Сабзагул, бахти аввалашро аз даст додан намехост, барои падари фарзандҳояш талош дошт. Аммо ба хаёлаш, ки падару модар, хешовандон, шиносҳо ин андешаҳои ӯро дарк намекарданд. «Чӣ шудааст! Зансартею зангирӣ аз як қади дунё ома- дааст, ҳамаи зану шавҳарҳо якумр бо ҳамдигар наме- зиҳанд, онҳоро по ба по баста натондаанд», мегӯф- танд. Вай, ба гуфтае, ки барои фарзандонаш шуда пар- даи ҳӯкро ба рӯяш кашиду дар ҳамин масъала аз па- дар мадад хост.
— Додо, худатон ӯро бинед, насиҳат кунед, — Му- шарраф гӯё чӣ гуфтаашро намедонист, аз худ беха- бар, ба мисли нобиное, ки худро ба об афканда дасту по мезад, ба кадом сӯ шино карданашро намедонист, намедонист, чӣ ҳарфу сухане ба забон меорад.
— Чӣ мегӯӣ, ки пеши вай мардак равам, гӯям, ки духтари маро боз гир, зорию тавалло кунам? Бо ка- дом рӯ? Бо кадом забон? Не, ман пир шуда бошам ҳам, акламро нахӯрдаам, мардам, номус дорам!!! Мо авлоди занфурӯш нестем, савдо намекунем.. — Мӯйса- фед пойҳояшро ба фарши хона тарақ-тарақ зад. Ди- гар ин гапҳоро нагӯӣ! Маро девона накун, бас кун!
Мушарраф аз гуфтааш пушаймон шуд, умедаш канда гашт. Аслан падараш рост мегӯяд, аз паи вай давидани ӯ айб, хор мешавад, ба хоки замин яксон мешавад... Нозимӣ ӯро партофту рафт, ба суд ариза дод, бо ин зан зиндагӣ намекунам, гуфт, тӯю ҳангома орост, хонадор шуд... Вай боз «маро гир, напарто» гуфта зорию илтиҷо кардани. Бубахшед, фарзандони азизаш, ӯ ин хел кор намекунад, агар Меҳрубону Мижгонаш ба азоб монда, рӯзашон сиёҳ шавад ҳам. Вай Сабзагул барин намешавад, вай Мушарраф ном дорад, аз хоки дигар, ба замин афтода намондааст. Барои ин агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё