Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
аз Нозимӣ зиёд буданд, мегуфту мегуфт, оташинтар мешуд.
— Дар ин рӯзҳои мо, додо ҳеҷ кас аз гуруснагӣ намурдааст, нон дар ҳама ҷо пур, замони серию пурӣ... Ҳама аз худаш ба худаш якҷӣ-нимҷӣ дорад. Лекин, гуфтам-ку, ман ғами бачаҳоямро мехӯрам, онҳо азоб набинанд, мегӯям, ба хотири онҳо... — гуфт Мушарраф.
— Оча, бобом кӯрпаҳои моро куҷо мебаранд? — пурсид Меҳрубон аз модар.
— Хонаи худашон, қишлоқ.
— Худамон чӣ мекунем? Хунук намехӯрем?
— Худамон ҳам хонаи бобот меравем.
— Боз кай меоем?
— Дигар намебиёем.
— Ман намеравам, додом мебиёянд, валасафед мебиёранд.
— Дигар ту пеши додот намеравӣ, мезанам...
— Бас кун, Мушарраф!
Бо кӯдак буҷ-буҷ карда нашин, маро ғам нате, хез, чойнику пиёлаҳоятро худат ҷо ба ҷо кун, ба як кори ман ёрӣ расон, монда шудаӣ, хез! — Сӯҳбати Мушарраф бо писараш ба падар нафорид, ғур-ғур кард, асабӣ шуд.
Бобои Меҳрубон ҳанӯз сар аз болои китобҳои ҷевон намебардошт, онҳоро мепартофту мепартофт, як ними хона аз китоб пур шуда буд. Дар ҳақиқат мӯйсафед мондаю шалпар шуд, ҳавсалаш намонд, вале дар ҷевон ҳанӯз китоб бисёр буд, ӯ онҳоро ба ҳар сӯ ҳаво медод. Аз миёни китобҳо як сурати котибпӯши падари Меҳрубон ба дасташ омад. Он дасташро мегазид, ки бо нӯги ангуштон дошта ба миёни хона партофт. Меҳрубон ба сари сурат давиду онро аз болои фарш бардошт, бо лаби домони куртааш чанги рӯи суратро тоза кард, онро бӯсид ва баъд ба сандуки синааш пахш кард, «додоҷонам» гуфт. Бобо аз таги чашм ба наберааш назора дошт.
— Вай чӣ? — Ба сурат ишора карда пурсид аз Меҳрубон.
— Сурати додоҷонакам.
— Додоҷонакат?
— Ҳа.
— Канӣ, ба ман те, биёр.
— Ана, — акси падарашро ба бобо дод Меҳрубон.
— Инро чӣ мекунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё