Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Чашми ман аз ин ҷурпаат тарсид, Мушарраф,— чеҳраи падар кушода намегашт. Бо ҳамин ҳол корҳояшро анҷом дод. Бору буни хонаро ба мошин бор кард.— Зуд ба дарҳоят қулф андоз, ба Мушарраф фармоиш дод. Модари Меҳрубон бо кӯдаконаш пасопеш аз хона берун шуд, бо дили нохоҳам, гардани баста, хаёли беҷо. Ҳамсояҳо аз кулбаҳояшон сар бароварданд. Хубу ганда солҳо бо онҳо ҳамроҳ буд, некӣ дид, нағзӣ дид. Аз ҳамдигар дилмонда наянд. Аз ҳам ҷудо мешаванд ҳоло ҳамсояҳо ба гуселаш омаданд, саф-саф қатор истодаанд. Вале Мушарраф онҳоро гӯё намедид, сараш гаранг ҳушаш ба хона, ба зиндагиаш. Ноилоҷ мондааст, падараш гӯё ба гардани ӯ банд андохтаасту аз хонаю дар, аз ҷою маконаш берун мекашад... Чаро ӯ барои бурдани вай омад? Алҳол намехоҳад ба деҳа равад. Шояд ягон вақти дигар меравад. Аммо ҳоло не... Дина Сабзагул аз магазин баромада ӯро дар роҳ дид. «Биё, ин сӯ биё», гуфта ба роҳрави таги чинор гузашт.
— Аз ҳоли шавҳарат хабар дорӣ?
— Не.
— Сабр кун, сабук нашав, охир то охир вай боз ба назди худат меояд. — Баъд Сабзагул гуфт, ки Шаҳноз бо Нозимӣ носоз. «Ман аз ин бадмаст безорам, дафъ шавад, равад» гуфтааст.
— Ман ҳам аз дидораш безорам,— бо Сабзагул хайрухуш кард Мушарраф. Аз ин хабар, албатта, ӯ шод гашта буд. Аз ғурур «безорам» гуфт. Дар асл бошад, дил ба ӯ мегуфт: хуб шудааст, ҳолаш аз ин бадтар шавад, сараш ба девор хӯрад, боз Мушарраф гӯяд, тавба кунад, зорию илтиҷо намояд, бахшиш хоҳад. Лекин боз раъяш дигар мешуд: ӯро мебахшай? Айби худи ӯ шуд, худаш гунаҳкор, вайро сӯзонд, Мушарраф ҳам ҷавон, хушрӯ аст. Агар хоҳад, шавҳар меёбад, аз Нозимӣ хушрӯйтару беҳтарашро... Аммо ҳарфи шавҳарро ба забон оварда мӯи баданаш шиғ шуд. Шавҳар мекунад? Боз марди дигаре? Бегонае? Ӯ ба фарзандони вай падар мешавад? Умед намебандад ба шавҳар? Тамом? Не наметавонад, ба падар мегӯяд: ӯро алҳол ба ихтиёраш гузорад, ба деҳа набарад, намекӯчад... Ғами бачаҳояш дар дилаш, ғами онҳо... Бале, ҳамин андешаҳояшро ба забон овардан мехоҳад, вале наметавонад, танҳо бошад, ҳеҷ кас набусад ҳам... Дил забон надорад, фикрҳое ба дил меоянд, ки баъзан

пешина
аз 399
навбатӣ