Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Намеравӣ? Дили ту ҳоло ҳам ба вай? Аз баҳри ман, аз баҳри ҳамаамон ба хотири вай мегузарӣ? Дафъ шав, бо вай рав, дигар падару модар дорам нагӯй, безорам аз ту барин фарзанд, безор! Мурӣ, мурдаатро зоғу заган хӯрад ҳам, суроғ намекунам. Ҳоло ҳам андеша мекунам, астағфрулло мегӯям, абошад бо як халаи корд кушта ҷавобатро мегӯям. Куш, мотори мошинро куш! — дари кабинаро кушода ба ронанда фармон дод мӯйсафед ва ҳашпашкунон ба болои мошин баромад. Кӯрпаҳо, гилему палос, ҳама чизро аз як сар ба миёни ҳавлӣ, пеши ҳамсояҳо ҳаво дод... Дар як дам мошинро холӣ карда «маро шарманда кард ин духтар» гуфта, ба паҳлуи ронанда нишаст, дарро бо ғазаб ва нафрати беандоза пӯшид. Ва мошин бо шаст ба роҳ даромад, аз назари ӯ гум шуд ва садояшро ҳам дигар намешунид ӯ. Ҳамаи ин ҳоло дар чанд лаҳза, баъди «намеравам» гуфтани Мушарраф, баъди аз кадом гӯру лаҳад пайдо шудани Нозимӣ рӯй дод... Аз миён лаҳзаҳо рафтанд. Оҳиста-оҳиста ӯ ба худ омад, чашмонаш гӯё кушода шуданд, пардаи торикӣ аз пеши рӯяш бардошта гашт. Кӯчу банди миёни ҳавлӣ ғарамшудаашро дид. Зери борон буд он... Дасти Меҳрубонаш дар даст. Қуввати дилаш буд ӯ, аз афтидан нигоҳаш медошт... Ба гирду атроф ба дуртар шуд нигоҳаш. Нозимӣ ку? Зери ниҳоли себ, маст буд, ки дасташ дар танаи ниҳол, ба он такя медод. Сараш урён, мӯйҳояш тар шуда болои чашмонаш парешон буданд. Дар танаш боронӣ... Ба ҷои исти ӯ назар кард... Набуд ӯ, дар гирду пеш ҳам наменамуд... Дид, пеши назараш чӣ ҳол рӯй медоду боз вайро гузошта рафт. Мушаррафро миёни роҳ монд, шарманда кард ӯро, пеши падар, пеши ҳамсояҳо, пеши ҳама... Рафт. Чаро вай аз роҳаш гашт? Падараш забонкӯтоҳ, шармсор шуд... Чаро дар ҳамин ҳангом омад ӯ? Қош пайдо намешуд, намедид ӯро... Таассуф, таассуф! Боз фириб дод, Мушаррафро ӯ, аҳмак шуд...
Борон шиддат ёфт. Кӯрпаҳо, ҳамаи ашёҳои ӯ зе- ри об монданд. Аз паи ғундоштани онҳо шуд, намедо- нист аз замин, аз зери об чиро бардорад... Ҳамсояҳо омаданд. Меҳрубон, аз афташ, ба воқеа сарфаҳм рафт, хомӯш, бо сари хам зери борон меистод... Модараш бо ҳамсояҳо кӯчро ба хона кашонд, рӯзи сиёҳе ба сараш омада буд, худаш гунаҳкор, айби худаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё