Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яъне, Мудъам ҳуқуқи гирифтани онро надошт, вале бармеояд, ки ӯ ё ҷавоҳироти тиллогину нуқрагинро ва ё тангаҳои аз он сохташударо ва ё мисли онро ва ё ба ғайр аз гову уштуру асосияву ҳавоитро ғанимат гирифта будааст ва “... ла-таштаъилу ъалайҳи норан”, яъне, ва ин, яъне қадри гирифтааш аз он ашё, ба сурати оташ дар танаш ҷилвагар мешавад.

Яъне, мазмунан, Мудъам дӯзахисту он ғанимати ҳаромгирифтааш дар танаш ҷилвагар мегардад ва шаҳодат аз фармонноравоии вай медиҳад, ки вай мутлақо хато кардаасту гунаҳкор шудааст ва ба ин сабаб ба Дӯзах роҳ хоҳад ёфт.

Яке аз дигар ҷанговарон, ки ин сухани огаҳкунандаи Паёмбарро (с.а.в.) шунид, фавран ба наздаш меояду ба Паёмбар (с.а.в.) мегӯяд, ки чизе набуд, ки бо худ барад ва вай ин як-ду банди пойафзолро бо худ гирифтааст. Пас, ҳоли ӯ чӣ мешуда бошад?

Паёмбар (с.а.в.) чунин ҷавоб медиҳад: “Широкан ав широкани мин норин!”, яъне, як банди кафшро гирифтааст ва ё ду банди онро, фарқ надорад, ин ҳам муҷиби оташи Дӯзах аст!

Бале ва дарсе, ки аз ин бояд гирифт – ин аст:

  1. “... ва мо атакуму-р-расулу, фахузуҳу ва мо наҳакум ъанҳо,
    фантаҳу...” (Сураи “Ҳашр”), яъне, он чизеро, ки Паёмбар ба шумо
    додааст, бигиред онро ва он чизеро, ки Паёмбар аз гирифтани он манъ
    намудааст (боздоштааст), магиред онро;

  2. “Широк” аст “... ав широкани”, фарқ надорад, ин ҳама аз амволи манъу ҳаромшуда буд ва теъдоди вай дар ин кор таъхир намекунад ва ба кор намеояд.

Пас, чист фарқ байни як ҳаромшудаву дуви он? Хато худ хато аст ва дар
он хатоеро дидан, пас, хатотар аст;

  1. Дар дини мубини Ислом ва Шариъати исломӣ ҳар ҳукм қувваи мутлақиятро дорад. Мазмунан ин аст, ки агар ба чизе ҳукми ҳаром эълон шуда бошад, пас, вай ҳаром аст.

Пас, на муаллақият, балки мутлақият равост;

  1. Дар дини мубини Ислом ва пайваста ба он, аз рушди Ислому таъриху
    равобиту муомила, хуб бармеояд, ки “дӯстбозӣ, саҳобапарварӣ” раво
    нест ва чун дар ин мисол омадааст, сарфи назар аз хидматгузор будани
    Мудъам ба Паёмбари Ислом, фарқ надорад; агар гуноҳе карда бошад, пас,
    ҳатман ва сарфи назар аз мартабаву мақом, бояд он ки ҷазояшро бинад; 5.
пешина
аз 175
навбатӣ