ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дили модари зор, Фарзона, ба ҳоли фарзанди собираш сўхт ва хост онҳоро аз писараш дур кунад. Дар ҳамин вақт кампири Ҳиҷрон, ки хеле боқувват буду сари чор шавҳарро кайҳо хўрда буд, аз мўйҳои сари кампири Фарзона дошта, дар атрофаш ду-се маротиба давр занонд ва ба чуқурие, ки барои об баровардан канда буданд, ҳаво дод. Кампири Фарзона сарозер ба чуқурӣ афтод.
Вафо ҷаҳида модарашро бардошт, сари ў овезон буду аз ду кунҷи лабонаш хун ҷорӣ шуд.
Ин ҳолати даҳшатовар ҷилави аспи сабру тоқати Вафоро аз дасташ раҳо кард. Ў бо овози баланд дод зада гуфт:
– Эй аблаҳҳо! Ҳар кори бадеро раво медидед дар ҳаққи ман, сабр мекардам! Аммо шумо ба дилу ҷигарам, модарам дастдарозӣ кардед. Ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ шуморо бахшида наметавонам. Нозия, туро сад талоқ кардам, фаҳмидӣ!
Модару духтар аз ин кори кардаашон садҳо бор пушаймон шуданд. Ба ҳоли зори онҳо шайтон, ки васваса карда буд ва ба мақсад расид, қоҳ-қоҳзанон механдид. Бо тарсу даҳшат онҳо хонаи Вафоро тарк карданд. Кампири Ҳиҷрони дар дому васвасаи шайтон афтода, калушҳояшро фаромўш карда, пойи бараҳна аз паси духтараш лангону ғалтон гурехта рафт.
Аз худ хабарам нест, ки ҷаҳон ба барам нест, В-андар забари ишқ ба ҷуз чашми тарам нест.
Оинаи сидқ аст ба меъроҷи таҷаллӣ, Дар роҳи вафо вусъати азми дигарам нест.
Кампири Фарзона як ҳафта дар бистари беморӣ хоб кард. Духтурон ўро табобат карданд. Вафо ва модараш аз ҳодисаи рўйдода ба касе сир бой намедоданд. Вагарна, агар ин ҳодиса ошкор мегардид, Нозияю модараш ва бародаронаш дар кунҷи маҳбас мепўсиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё