Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ў гуфт:
– Ман то субҳ фикр мекунам. Пеш аз ташхиси комиссия ҷавоби хоҳиши туро мегўям.
Ҳарчанде ки худро аз вай дур мекардам, ў маро бо бўсаборон то ҳуҷраи хоби маҷрўҳон гуселонид.

ЯК САРУ САД ХАЁЛ

Нарафт, то ту бирафтӣ, хаёлат аз назарам,
Бирафт дар ҳама олам ба бедилӣ хабарам.
На бахту давлати онам, ки бо ту биншинам,
На сабру тоқати онам, ки аз ту даргузарам...
Шайх Саъдӣ

Тамоми шаб хобам набурд. То субҳ ба даргоҳи Худованд муноҷот карда, талаби онро доштам, ки Худои роҳнамои Ғафуру Раҳим ҷурму гуноҳҳои он бўсаҳои масеҳидухтарро авф мекарда бошад? Агар ў мусулмон шавад, хоҳишашро иҷро мекунам. Бо ин фикру хаёл чӣ кор карданамро намедонистам.
Наздикиҳои субҳ хобам бурдааст. Хоб дидам, ки модарат, яъне Бибифазила дар рў ба рўям пайдо шуд. Бо ҳамроҳии Бўригул, ки аз дасташ дошта меистод ва ишора карда мегуфт: – «Духтарҷонам, ба падарат бингар, ки баҳри наҷоти худу ишқи масеҳидухтар меҳри ману туро поймол карда, аз қалбаш берун мекунад». Хостам, ки ба онҳо чизе гўям, аммо натавонистам, зеро ки забонам лолу ҷисмам карахт шуда буд, маҷоли гап задан надоштам.
Дар ҳамин вақт онҳо нопадид шуданд.
Худро дар деҳаи Сурхиён, дар ҳузури Ҳазрати Мавлавии бобоят, яъне Домулло Муҳаммадсолеҳ ва Шайх Абдураҳими Давлати Элокӣ дидам. Ҳазрати Мавлавӣ ба Шайх Абдураҳим ишора карда гуфт: – Шайх, аз «Кимиёи Саодат»-и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) ба Муҳаммадраҷаб сабақе диҳед, то ки инсони комил шавад.

пешина
аз 191
навбатӣ