Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Агар ў ҳамин замон мусулмон шавад, ҳарчӣ бодо бод, хоҳишашро иҷро мекунам ва ўро ба ватан мебарам.
Соати 9-и пагоҳӣ ба ҳуҷраи корияш рафтам ва гуфтам:
– Валентина, бори дуюм мегўям, биё, ҳозир мусулмон шав!
Ў гуфт:
– Дар Тоҷикистон мусулмон мешавам!

Ё МАРГ Ё ҲАЁТ

Соати даҳи пагоҳӣ ҳайати комиссия иборат аз ҳафт нафар духтурону ҳамшираҳои шафқат ва афсарон қатор нишаста, маҷрўҳони шифоёфтаро аз ташхис мегузаронданд. Якеро ба ақибгоҳ ва дигареро пас аз ташхис ба ҷанг мефиристоданд.
Навбат ба ман расид. Дар қатори аввал Валентинаи меҳрубони ғамхорам менишаст. Дили ману ў дар даруни сина чун гунҷишкчўҷа бо шитоб метапид. Баъд аз дақиқае тақдири ману ў ҳал хоҳад шуд. Ў бо як раҳму шафқат ва тараҳҳуме бо чашми чор ба сўям менигарист.
Нигоҳу чашми интизораш дилҳои сангинро об мекарду ҷигари сўхтаро ба дард меовард. Чашмонаш аз бехобӣ суп-сурх менамуд. Ба дил мегуфтам, ки сахтии тарки дўст карданро фақат Шайх Саъдии бузург медонистааст, ки мегўяд:

Хилофи дўстӣ кардан, ба тарки дўстон гуфтан,
Набоистӣ намуд ин рўю дигар боз бинҳуфтан.
Гадое подшоҳеро ба шўхӣ дўст медорад,
На бе ў метавон будан, на бо ў метавон гуфтан...

Ҳуҷҷату варақаи бемориямро ҳайати комиссия аз назар гузаронда, аз ҳамшираи шафқат пурсиданд, ки дар ҳуҷҷатҳо Иброҳимов Раҷабро ташхиси бемории асаб (припадка контужный) додед, оё ў бо душман ҷангида метавонад ё не?

пешина
аз 191
навбатӣ