ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– «Сабур, наход, ки ин шумо бошед, чандин сол мешавад, ки шуморо надидаам, дар ин муддат чӣ қадар тағйир ёфтаед, қариб буд, ки шуморо нашиносам», - ба чашмони худ бовар накарда гуфтам. Мўйи сип-сиёҳаш монанди пахта сап-сафед, рухсораҳои суп-сурхаш мисоли заъфарон заб-зарди пажмурдаи пурожанг, қомати чун шамшод росташ ба монанди камон хам гашта, ба асодасте такя карда, базўр рост меистод. Умуман, ў пирамарди 80-90-солаеро мемонд. Аз ин намуди зоҳирии Сабур дар аввал ҳайратам омаду дар охир дилам ба ҳоли зораш сўхт.
– «Сабурҷон, қариб буд, ки шуморо нашиносам. Чӣ шуд, ки ба ин ҳоли табоҳ афтодаед?» – пурсидам аз ў.
Дар чашмони фурўрафтааш ашк ҳалқа зад ва оҳи ҷигарсўзе аз қалби пурдард кашиду хост сухане гўяд, лекин сулфа роҳи нафасашро гирифту дурудароз ларзида, сулфид. Аз таъсири бемории вазнину сулфаи тўлонӣ аз даҳонаш обу балғами зард ҷорӣ шуд. Бо рўймолчаи чиркини зарду сиёҳгашта оби лабону ашки чашмонашро пок карда гуфт:
– Эй бародар, ғурури ҷунунию ҷавонӣ, ҳирсу нафси саркаши дунявӣ гўлу гумроҳам карду ба гуфти падари дилсўзу ғамхор ва панди авлиёҳои бешумор амал накардам. Дар дуроҳаи ҳаёти даҳрӣ надонистам, ки кадом аст роҳи ботилу кадомаш ҳақ, на аз пирони ҳақпараст, балки аз арўси нафси золи дунёпараст гирифтам сабақ. Ҳосил аз амали ин сабақ буд, ки пас шудам ранҷуру бадбахту гадои дарбадар ва лаънаткардаи даргоҳи Ҳаққу зану фарзанд ва оқи падар, ки аз ҳамин сабаб оҳу нола, арзу зораи ман намекунад бо касе асар.
Ҳар кӣ кор кард, зидди хоҳиши падар,
Рўзаш, чун рўзи мани гадои дарбадар.
В-аз зиндагониям шуд, ҳеҷ ҳосил,
Дар роҳи бад, мукофотам шуд «сил».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё