Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дандонҳои Найсон аз ғазаб ба ҳам бархўрданд.
– Бидеҳ ба ман! – ў аз миёни дандонҳои зиреҳбаста мисли бабр ба сўйи хоҳараш ғуррос зад.
– Нома барои Шаҳбоз аст... Модарам барои писараш нома навиштааст, ҳусни хаташро шинохтам! – Борон инро гуфту номаро зери бағал зад.
– Ба ту чӣ!? Номаро бидеҳ ба ман!
– Нома моли Шаҳбоз аст, ғусса мехўрд, ки модар барояш паёме нагузошт.
Найсон наздик буд силлие ба сурати хоҳараш бизанад, аммо нафаси амиқ кашид ва хост бо ин духтари саркаш нармтар бархурд кунад.
Борон яке аз дугоникҳои Моҳистон буд, як духтараки ҳушманду бебок, ҳақталаб, ошиқи баҳсу мунозира ва гоҳо он қадр сергап, ки як лаҳза ҳам забон ба даҳон намегирифт.
Фаротар аз синну солаш оқилу мантиқӣ буд, донотар аз хоҳарону додараш. Моҳистон маҳмадоноии духтарашро дўст намедошт ва гоҳи авқот сари қаҳр мегуфт: «Вой аз он рўз, ки ман бимирам, ту бо ин саркашиҳоят монанди байтали мавсими ҷуфтгирӣ гумон аст ба касе гардан бидиҳӣ!»
Моҳистон иғроқ мекард, Борон духтари баде набуд, модарашро дўст медошт, хоҳарону додарашро низ, танҳо мехост хоставу боварҳояш эҳтирому эътироф шаванд. Ў аввалин шикасти худро замоне таҷруба кард, ки модар нагузошт ба думболи шуғли мавриди алоқааш биравад.
Он қадр сараш фишор овард, ки чорае надошт, магар дар Донишгоҳи пизишкӣ сабти ном кунад. Чанд рўз ашк рехт, вале саранҷом ором шуд ва ба думболи таҳсил рафт.
Сиёсати Моҳистон танҳо ба як нафар пахш намешуд

  • ба Шаҳбоз ҳамзоди Борон, писари ягонааш. Ў дар интихоби худ аз мухторияти комил бархўрдор буд ва Моҳистон ҳар хостаи ўро бе чуну чаро бароварда месохт. Ў
пешина
аз 313
навбатӣ