Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Бозпурс дарро боз карду бо садои баланд фарёд зад:
– Инҷо ягон одами зинда ҳаст? Ин чӣ тарзи бархўрд бо бемор аст? Зани бечора як соат боз меларзад, на муоинае, на доруе, лоақал либоси тарашро иваз кунед! Ё шумо фақат ба пулдорҳо хизмат мерасонед?
Сиёсати бозпурс тамизкору парасторони фузулу ландаҳурро якбора ҳушёр кард, даводаву паропар оғоз шуд, яке либосҳои он занро иваз кард, дигаре барояш тўшаки тоза овард ва парастор дастгоҳи қатрачаконро бо доруи нерўбахш ба раги дасти ў пайваст кард.
Аммо хеле тўл кашид, то пизишки навбатдор хаставу хоболўд вориди утоқ шуд.
– Бахшиш, имрўз якшанбе аст, ман танҳо навбатдори ин бахш ҳастам, дастам ба ҳама намерасад.
Зани кўтоҳқаде буд, бо чеҳраи гирди кўдакона ва чоҳи нозуке дар занахдон, синнашро намешуд ҳадс зад. Бораҳои хилъати махмалиро, ки монанди домани пероҳани арўс ба думболаш меомад, бардошту рў ба бемор нишаст.
– Аз ҷиҳати физикӣ осеб надидаст, – гуфт ў пас аз муоинаи зоҳирӣ, – Инҷо мо фақат метавонем ба ў доруи оромибахш тазриқ кунем. Табобат ва аз ин ҳолат берун оварданаш дар салоҳияти мо нест, ба табиби вежа ниёз дорад... ба равонпизишк... Дуктур дар иморати дигар кор мекунад, фардо метавонем даъваташ кунем.
– Ман имшаб инҷо намемонам, маро мураххас кунед!
– Зан кўрпаро дур андохту аз ҷой нимхез шуд.
Дуктур ҳам эҳтимол аз ҳузури ходимони тартибот хушнуд набуд, ки билофосила гуфт:
– Ин тавр бошад забонхат бинависед, яъне бо ихтиёри худ аз бемористон хориҷ мешавед.
Бозрас бо ҳайрат ба ў нигоҳ кард.
– Ҷиддӣ мегўед? Ба ҳамин содагӣ? Агар дубора қасди худкушӣ кунад, шумо масъулияташро бар дўш мегиред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё