Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Бечора, ҳеч кас надорад барояш гиря кунанд, фақат ҳамин духтарҳо... аз субҳ беист мўя мекашанд, ҷон дар рамақ надоранд.
Зан кунҷков шуд ва бодиққат ба рўйи ҳамсуҳбаташ чашм дўхт. Ҳамсоя аз ин таваҷҷуҳ илҳом гирифт ва ба ҳикояташ идома дод.
– Падару модараш кайҳо аз дунё рафтаанд, як ҳамшираи аз худ бузургтар дошт, солҳо пеш, шояд бист-сӣ сол пеш бачаҳояшро раҳо карду аз пайи мардикорӣ рафт, дигар барнагашт, мурдаву зиндаашро касе намедонад. Мегўянд, сағира ба ҷое мерасаду сағирапарвар не, духтур фарзанди ҳамун ҳамшираашро бузург кард, ун духтар ба шонздаҳ расиду созаш бо кадом марди зандор ҷўр шуд ва рўзе аз хона фирор карду дигар барнагашт, дуруст, мисли модараш…
Зан аз ин ҳикоят башиддат аз ҳам рехт, хашму ғазабаш мисли вулқон ҷўш зад, абрўвонаш аз ғазаб сар ба сар омаданд ва параҳои биниаш ларзиданд, лаб зери дандон гузошт то каломи баде аз забонаш берун наояд. Агарчи бо ҳадафи шўриш ба инҷо омада буд, аммо акнун дарк мекард, ки мурдахона ҷойи исёну эътироз нест. Хушбахтона, ҳамсояи паҳлўӣ ба азми рафтан аз ҷой бархост ва ў низ ба думболаш баланд шуд. Сареъ аз ин хона берун рафт, гўшаҳои шолро раҳ ба раҳ башиддат аз гардан берун кашид ва болопўшро бо ғазаб силтав зад, чанд тугма ба гўшае парт шуд. Аз қаҳр меларзид. Дар такяи девори ҳамсоя дусе нафаси амиқ кашид, то асабонияташ фурў нишинад ва акнун мехост ба тарафи ҷодаи мошингард гом бардорад, ки садое ўро аз роҳаш баргардонд.
– Санам!
Садои харошидаи бештар шабеҳи овози мардона, то як хонум, исми ўро фарёд зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё