Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хиҷолат накаш, мо ҳам як достонҳое дорем, шояд аз ту ғамангезтар, – духтаракро ҷасур кард Нигор.
Сарвиноз ниёз ба таҳрик надошт. Ў аз рахти хоб баланд шуд, сандалиашро ба васати ҳуҷра кашид, бо он ҷисми лоғаракаш рўйи сандалӣ чорзону зад ва шабеҳи як достонсарои пуртаҷриба ором ба қиссагўи оғоз кард.
– Моҷарои ман аз ҳарзаҳои шабеҳи кобус аст, гўё чанд рўз дар як филми тарснок зиндагӣ кардам...
…Маро рўзи душанбе ба шавҳар доданд, дар як рўзи корӣ, оғози ҳафтаи ҷадид, вақте мардум ба думболи корҳои муҳимтар аз тўй буданд ва аз нисф зиёди меҳмонҳо даъватро бо баҳонае рад карданд. Хонаводаи пурҷамъяти ман, ки ба қавли маъруф, «оҳ» дар бисот надошт, ин рўзро танҳо ба хотири тахфифи панҷоҳ дарсадии хадамоти як тарабхонаи арзонак интихоб кард. Намехоҳам ношукр ба назар бирасам, аммо аз оғоз инсони барўзӣ набудам ва тааҷҷуб мекардам, агар тўи арўсиям бо шеваи дигар баргузор мешуд.
Чаҳор бародару се хоҳар дорам, ҳамаи мо аз якдигар бо тафовути як солу ним, ё каме бештар ба дунё омадаем, ман фарзанди панҷуми хонадонам. Модарам, Худо умрашро дароз кунад, дар зоду валади бе барнома назир надошт, ба таври ғаризӣ бордор мешуду бача мезоид, ҳатто парандагони зери сақфи мо бештар аз ў ояндабину воқеъгаро буданд, ки ибтидо лона месохтанд, шароит эҷод мекардан ва баъд тухм мегузошанд. Модарам як зани шоду бепарво буд, дар ҳоле, ки падари заҳматкашам дар пеши чашми ў гандапир мешуд, дар мўйи модарам ба нудрат мешуд тори сафед пайдо кард.
Мо ҳама бо маоши ночизи падари гаҷкорам бузург шудем, ки субҳ бо бастае иборат аз як пора нону чанд дона қанд ва қумқумаи ҳомили чойи доғ аз хона берун мерафт ва шом хаставу лакот бармегашт.

пешина
аз 313
навбатӣ