Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Юсуф аз ман рафт, аммо он зани шолпўш дар рўъёҳоям боқӣ монд. Ҳоло низ гоҳи авқот ба суроғам меояд, агар таҳаввулоте дар роҳ бошад, маро маро аз пеш огоҳ мекунад… Меояду мисли лулии ҷавоҳирфурўш дар остонаи дар чамбар мезанад, бо ҳамон пероҳани махмали сафеди рангин аз хуни сурх ва бо чашмони мисли зуғол сиёҳ, ки аз онҳо оромишу нишот нашт мекунад ва ҳамеша мегўяд:
«Ду дасте дар он дунё ҳамеша аз Худованд барои ту лутфу иноят илтиҷо мекунад».
Маънии он хобҳоро аз нигаҳбон мепурсидам, охир ў ҳам аз он дунё баргашта буд, илми ғайбро каму беш медонист, мегуфт:
– «Модари Юсуф худро мадюни ту медонад, паём медиҳад, ки ҳавосаш бо ту ҳаст». Шояд ў рост мегуфт, ё шояд намехост ин рўъёҳо маро ба марзи ҷунун бикашанд.
Рўзҳо мегузаштанд ва ман тадриҷан ба ҷудоӣ аз Юсуф одат мекардам, тахти хоби ў хеле вақт холӣ буд, баъд як навзоди мариз ба бемористон интиқол ёфт. Се моҳ дошт, исҳолу қай карданҳои тўлонӣ оби баданашро батамом ҷабида буд, набзаш басахтӣ эҳсос мешуд. Модари ин тифл аз хиёнати ҳамсар заҷр мекашид, билохира рўзе ақлашро бохту худро ба дор кашид ва бачааш дар миёнаи аъроф монд. Модарбузурги падарӣ бо баҳонаи синни баланди худ кўдакро ба хонаводаи духтар супурд, онҳо бо узри бебизоатӣ ўро ба парваришгоҳ оварданд.
Дилам ба ҳоли он тифл месўхт, аммо намехостам дубора рўйи молае по гузорам, бо Юсуф таҷруба кардам.
Гузашта аз ин, бояд ба имтиҳоноти донишгоҳ омода мешудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо