Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ганҷалӣ мегуфт, ки Фавзия бо ин ҳол дер давом намеорад.
Фавзия зиёд ҳарф намезад, ағлаб аз писараш суол мекардам, то дар худ фурў наравад. Ин ягона мавзўе буд, ки ба рўҳи хастааш мадор мебахшид ва чашмонаш аз хушҳолӣ медурахшиданд. Дар шаш моҳ он қадар қиссаҳои писарашро батакрор шунидам, ки гўё бо ў бузург шудам.
Фавзия дигар наметавонист бо пойи худ то ташноб биравад, барояш пўшак харидам. Ёру рафиқ зиёд дошт, аммо намехост касеро бубинад. Дар ин муддат танҳо як марди ҷавонро дидам, ки ду дафъа ба дидани Фавзия омад, шояд аз бастагонаш буд, зеро ўро диду бо садои баланд мўя кашид.
Фавзия шаш моҳ пас аз марги писараш, дар як рўзи сарди моҳи феврал, дар рўзи таваллуди худаш аз дунё даргузашт. Шаби маргаш чанд бор исмамро садо зад, бо аҷала ба сари болинаш давидам, мехост чизе бигўяд, вале забонаш мепечид. Гўшамро ба лабонаш наздик бурдам, пичиррос зад, ки «Биҳилам кун». Дастонашро бўсидаму ба чашм молидам. Майл ба сохтакорӣ ва хушбинии козиб надоштам, гуфтам:
– Кори арзишманде накардаам, аммо ба хотири таскини дили шумо мегўям, биҳилатон кардам» – Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, ишора кард, ки ҷойи хобам баргардам.
Тамоми шаб нахобидам, саҳар маро як лаҳза ғанаб бурд ва дар хоб хирроси баландро шунидам, ингор касеро хафа мекарданд. Оҳиста чашм боз кардам. Ин садо аз гулўи Фавзия берун меомад, зонувони сар ба сараш такон намехурд, дастонаш беҳолона рўйи синааш мехобид, бинии кўтоҳи гўштиаш мисли қалам рост шуда буд, лабҳояш ранги обӣ мегирифт. Кафке дар гўшаи лабаш такон мехўрду мисли хафи лабҳои соҳил гоҳ дам мекарду гоҳ фурў менишаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо