Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Рафтани Фавзия халои бузургеро дар зиндагиам ба вуҷуд овард, то зинда буд аз ман муроқибат мекард, баъд аз маргаш низ муттакоям шуд. Ман сақфи болои сарамро, ояндаи босуботамро мадюни Фавзия ҳастам.
Аз марги ў чиҳил рўз гузашта буд, ки рўзе марде ба суроғам омад, ўро шинохтам, ҳамон марди хушқиёфаро, ки фикр мекардам аз бастагони Фавзия бошад.
Мулоқоти ман бо он марди хушандом, ки дар асл вакили Фавзия будаст дар дафтари мудир сурат гирифт, суоломез ба Моҳбегим нигоҳ кардам, ашк дар чашмонаш чарх мезад ва чонааш аз буғз меларзид. Ў Фавзияро бисёр дўст медошт. Забони суҳбат русӣ буд, он мард аз марги Фавзия изҳори таассуф кард, сипас аз ҷой бархосту сандуқчаеро бо як даста мадорики қадимии варақҳояш зардшуда ба ман дод. Баъд ҳарферо ба забон овард, ки гўшам ба шуниданаш бовар намекард. Фавзия ҳама дороиҳояш, иборат аз хонае дар маркази шаҳр, як мушт ҷавоҳирот ва як миқдор пули нақдро ба унвони мерос ба ман вогузор карда буд. Ман аз ин саховат, шафқат ва наҷобат лол шудам, шок шудам, гўшҳоям қуфл заданд, танҳо ҳиқ-ҳиқи гиряи Моҳбегим монанди уфтодани қатароти борон дар таҳхонаи холӣ дар гўшам танин меандохт. Он мард даст ба шонаам гузошт ва гуфт: «Покойная очень ценила тебя».
Ману Моҳбегим якдигарро бағал кардему гиристем, дар гўшам гуфт, ки дар мавриди мерос ба касе чизе нагўям, аммо ин хабар ба таври асроромез аз байни дуи мо берун омад ва ману мероси Фавзия барои чанде сужаи ғайбатчиҳо шудем. Мегуфтанд, ки ман худро ба Фавзия наздик кардам то аз ў мерос бубарам. Замон бурд то алами мероси Фавзия фаромўш шуд ва акнун ағлаб мепурсиданд, ки кай ба хонаи ҷадид нақли макон мекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо