Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Алъон меоӣ?
– Тақрибан пас аз ду соат.
– Чаро ҳоло не?
– Соат шаши бомдод аст, кадом духтур дар ин соат сари кор меояд? Дурўғ ҳам бояд заминӣ бошад. Адреси хонаатро бо паёмак бифрист, соати 8:30 мерасам.
– Бароят таксӣ бифристам?
– Зарур нест, худам меоям.
– Бошад.
Санам панҷараҳоро боз кард то ҳавои хона аз бўйи сигор пок шавад, аз нонвойхонаи воқеъ дар пушти сохтмон бўйи кулчаи равғанӣ ба димоғ мерасид. Бо аҷала аз хона берун рафт то барои дастархони субҳона нони тоза ва қаймоқ бигирад. Суфраро боз карду дубора рў ба панҷара нишаст, мехост аз омадани холадухтар бехабар намонад.
Найсон аз ваъдааш як соат дертар омад. Лоғару афсурда ба назар меомад. Бачаашро рўйи нимкат гузошту даст ва гардани Санам ҳалқа кард ва инони гиряро сар дод...
Рисолати ногувори Найсон
Ў суҳбатро бо хонаводааш барои як рўзи дигар ба таъвиқ андохт, на аз рўйи тарс, балки мехост боз як рўзи орому беизтиробро ба додару хоҳаронаш тақдим кунад.
Медонист, ки фардо дигар имрўз нахоҳад буд, фардо азизонаш инсонҳое хоҳанд буд мутафовит ва шояд солҳо тўл бикашад то ба ин воқеъияти талх канор биёянд.
Ў бехобтарин шаби зиндагиашро ба сар бурд ва субҳ пас аз ношто хоҳарону ягона додарашро ба «утоқи Санам»
даъват кард. Борону Нахлистон ба думболи ў вориди утоқ шуданд, ин даъват онҳоро ҳайрон накард, хоҳари бузург акнун ҷойгузини модар шуда буд ва ҳар тасмими марбут ба ояндаи хонаводаро ў мегирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо