Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқеъиятро бигў, агар то инҷояш аз тарс намурдем, пас, таҳаммули шунидани идомаашро низ дорем.
– Худо кунад, ки ҳамин тавр бошад.
– Хуб?
– Шаҳбоз писари Санам аст…
– Чигуна мумкин аст? Шаҳбозу Борон ҳарду рўйи дастони мо бузург шуданд!
– Оре Нахлистон, бо ин вуҷуд, Шаҳбоз писари Санам аст, як фарзанди нохоста, ҳосили як таҷовузи ҷинсӣ...
Сукути маргборе утоқро фаро гирифт.
– Шумо то ҳол фикр кардаед, ки чаро умри модари мо дар танҳоӣ гузашт, падари мо куҷост ва чаро хотираи ў табдил ба табў шуд?
Нахлистон ишораҳои хоҳарашро билофосила фаҳмид, дастонаш беихтиёр ба сўйи гиребони тавба дароз шуданд.
– Худои ман, ин чӣ рўз аст... бечора Шаҳбоз!
– Кӣ ин корро бо Санам кард? – пурсид Борон бо хунсардӣ.
– Санам солҳо пеш рўйи ҳамин тахт таҷовуз шуд...
понздаҳсол дошт... ин ҷиноятро падари мо содир кард.
Борон мисли барқзадаҳо аз тахт ҷаҳиду бо аҷала аз дар берун рафт. Нахлистон бо таассуф ба хоҳари бузургаш нигоҳ кард.
– Бояд ин номаро нобуд мекардӣ...
– Ончи ту шунидӣ хоҳар, танҳо як бахши достон буд, идомааш аз ин ҳам ваҳшатноктар аст.
– Ваҳшатноктар аз ончи шунидем? Чӣ чизе матевонад бадтар аз ин бошад???
– Бигзор Борон биёяд, ман тавони бозгўии дубораи ин қиссаи талхро надорам.

пешина
аз 313
навбатӣ