Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он замон аз ҷой бархосту кифи сафариро бо асабоният аз рўйи ҷевон поин овард ва ҳар либоси ба чашмаш афтодаро ба он фурў кард.
Дастонаш меларзиданд, ғадуди ашк гўё аз чашм ба даҳонаш кўч баста буд, ки луобе беист аз зери забонаш берун меомад. Занҷири кифро он қадар ин сўю он сў кашид, ки саранҷом зулфайнашро шикаст. Муддате моту мабҳут ба даҳони бози киф хира шуд, сипас онро бо асабоният ба гўшае парт карду бо ҳар либосе дар тан дошт, аз хона берун рафт. Ақрабаки соат нуҳи саҳарро нишон медод.
Шаҳбоз дар байни се хоҳар бузург шуда буд, шояд ба ин далел нарму меҳрубон боқӣ монд ва орӣ аз густохиву ифрот. Моҳистон ўро мисли гул бо ишқ парварид, аммо салобату шуҷоат ва муқовимат бо зарбаҳои эҳтимолии сарнавиштро ба ў ёд надод. Дар кўчактарин даъвои Шаҳбоз бо ҳамсабақҳояш, ё хароше дар сураташ ҳозир буд муҷримонро ба дор бикашад ва бо одитарин зуком васвосӣ мешуду ўро аз як дуктур ба дуктури дигар мебурд. Намегузошт об дар шикамаш такон бихурад. Ин аст, ки Шаҳбоз бо аввалин чолиши сарнавишт башиддат нороҳату сархўрда шуд.
Соатҳо дар ҷодаҳои шиносу ношинос беҳадаф қадам мезад, ҳеҷ гоҳ ба ин ҳад эҳсоси тарсу ноамнӣ ва дармондагӣ накарда буд. Гоҳо ба нимктҳои канори ҷодаҳо менишаст ва монанди фарде, ки ҳама дору надорашро дар як лаҳза аз даст додааст, бо шакку тардид сар такон медод.
Баъд бо ғазаб аз ҷой баланд мешуд ва дар ҷодае, ки намедонист ўро куҷо мебарад, қадам мебардошт.
Соатҳо роҳ рафт, то саранҷом ба маркази шаҳр расид.
Гармои ваҳшатноке дар шаҳр ҳукмрон буд, аммо ў раъшае дар вуҷуд дошт, ки аз сар то ба пояш мавҷ мезад ва мўйро дар танаш сих мекард.

пешина
аз 313
навбатӣ