Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саранҷом оҳиставу бо тардид аз ҷояш канда шуд ва беҷуръатона ба сўйи писараш қадам бардошт, бо ҳарос мисли дорбози пир, ки бозӣ бо танобро аз ёд бурдааст.
Дар фосилаи ду қадам аз Шаҳбоз бозистод.
Ҳарду дар сукути комил ба якдигар хира шуданд.
Шаҳбоз номаро аз ҷайбаш берун оварду ба тарафи Санам дароз кард:
– Ман ин номаро хонадам...Шумо ҳам бояд онро бихонед...
Санам номаро нагирифт.
– Писарам…
Ў дастонашро боло бурду ба сўйи Шаҳбоз оғўш боз кард, бозувонаш монанди боли қў даври шонаҳои писараш ҳалқа шуданд.
Он шаб чароғи хонаи Санам то дили шаб сў-сў мезад.
Шаби аҷибе буд, ҳовии сархушии фаровон, хиҷолат, тараҳҳум, шодиву умедворӣ... Модару писар ором-ором ба якдигар хў мегирафтанд, гўшҳояшон ба шунидани садои якдигар одат мекард, мисли ду ҷонвари маҷрўҳ буданд, ки захмҳои якдигарро мелесиданд ва ба ҷони ҳам малҳам мешуданд. Санам бевақфа ҳарф мезад, гоҳ аз боғ, гоҳ аз роғ, танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз сукут. Сукут тарснок буд, ўро ба гузашта мебурд, ҳеҷ намехост ин шаби хуҷаста бо афкори ғамангез тира шавад, аммо аз як ҷое суҳбат огоҳона, ё ноогоҳона, ба ҳамон тараф чархид.
Шаҳбоз дуру дароз ба чеҳраи Санам чашм дўхт, ангушташ қавси абрўвони ўро навозиш кард ва рўйи холи гунааш манъ шуд.
– Ту шабеҳи модари манӣ.
Тўфоне аз умқи вуҷуди Санам баланд шуд, танҳо худаш медонист ба чӣ сахтие лабхандро дар сураташ нигаҳ медошт.
– Ҷойи тааҷҷуб надорад азизам, модари ту холаи ман буд...
Ҷавон муддате сукут кард, сипас, бо тавалло пурсид:
– Метавонӣ ўро бубахшӣ?
Санам аз ин суол шигифтзада шуд. Ў ҳаргиз ба ин фикр накарда буд, ки рўзе битавонад холаашро бубахшад.
Моҳистон барои ў ҳамон зани худхоҳ ва беинсофе буд, ки ба хотири манофеъи худ аз рўи ҷасади дигарон қадам мебардошт. Аммо ҳамзамон як воқеъиятро дарк мекард, ки ин писар ҳанўз ҳам писари Моҳистон аст ва ў мехоҳад ё не, хола аз ин ба баъд як бахши зиндагиаш хоҳад буд ва исмаш дар ин хона ағлаб садо хоҳад дод. Агарчи намехост робитааш бо Шаҳбоз бар пояи дурўғ бунёд шавад, аммо ниқоби хушҳолиро дубора ба рў кашид ва ба тарафи писараш лабханд зад.
– Оре писарам, чаро не...
Шаҳбоз дастони ўро бўсиду ба чашмонаш молид ва ингор рисолати сангинеро иҷро карда буд, ки нафаси роҳат кашид.
Сар рўйи зонуи Санам гузошт, пилкҳои хастааш ба ҳам омаданд. Санам ба ин ҷавон, ки дар як шаб масири ҳаждаҳсолаи зиндагиашро дубора паймуда ва табдил ба як фарди хирадманд шуда буд, бо тараҳҳум нигоҳ мекард.
Медонист, ки барои одат кардан ба вазъяити ҷадид Шаҳбозро роҳи тўлоние дар пеш аст ва ин ҷода эҳтимол ҳамвору осонгузар нахоҳад буд. Ў мўйҳои ҷингилаи писарашро бо ангуштонаш шона мезад, ҳар тиккаи сурати ўро бо ҳирс меомўхт ва дар зеҳнаш ҳаккокӣ мекард. Шабеҳи ҳунарманде буд дар муқобили тоблуи сафед, ки мехост бебаҳотарин наққоширо рўйи парда биёварад...

пешина
аз 313