Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Баъд сигор рўшан мекард ва гўё дардҳои вопасинашро бо дудҳои пушти ҳам ба ҳаво сар медод.
Ронандаи комюн буд, дар се-чаҳор моҳ як бор дар хона зоҳир мешуд, вале ҳар зуҳураш бо даъвоҳои мудаввоми пушти дарҳои баста, сурати харошхўрда, пероҳани дар танаш порашуда ва шишаҳои шикаста, ки Моҳистон пас аз ҳар ҷанҷол аз хонаи хобаш берун меовард, муртабит буд.
Дар он даъвоҳо танҳо ҷиғи модараш шунида мешуд, тарафи дигари ҷанҷол аз худ садое дарнамедод, гўё сазовори ҷазо буд.
Моҳистон ҳамеша аз вобастагии бачаҳо ба падарашон ҷилавгирӣ мекард, аз ин рў, вақте ҳамсараш дигар ба хона барнагашт, ҳатто зарур нашумурд далели нопадидшавии ўро ба фарзандон шарҳ бидиҳад. Найсон боре шунид, ки модараш ба хола Қалам мегуфт: «Хайрият паяш канда шуд, вагарна як рўз не як рўз ўро мекуштам».
Найсон аз ҳамон даъвоҳои пушти дарҳои баста эҳсос мекард, ки дар хонаводаи онҳо ишколе вуҷуд дорад, вале барои дарки ин робитаи масмум хеле ҷавон буд.
Моҳистон фарзандонашро дўст медошт, аммо ҳеҷ гоҳ бо онҳо муносибати дўстона барпо накард, ҳамеша байни ў ва духтаронаш фосилае вуҷуд дошт. Танҳо писарашро эрка мекард, ҳарфашро дар замин намегузошт. Ў барои фарзандонаш маъбуде буд ва рафтору гуфтораш берун аз қазоват.
Найсон нигоҳе ба атроф андохт, ҳуҷра сарду берўҳу ҳавлнок ба назар меомад, ингор модараш нуру сафои ин маконро бо худ бурда буд.
Ин ҳуҷра моҳҳо боз соҳиб надошт. Моҳистон ба нудрат ба инҷо ворид мешуд. Аз рўзи ташхиси бемориаш то дами марг ба утоқи шафат кўчид, ҳуҷрае, ки гоҳу ногоҳ бо номи Санам ёд мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё