Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Найсон дар кўдакӣ бо чашмони нимапўш аз ҳар гўшаи утоқ ба он тасвир хира мешуд ва Моҳистони ҷавону зебо аз ҳар гўша ба сўйи ў лабханд мезад. Рўйи он девор аксҳои дигар низ буд, модар бо кўдаки нахустинаш, бо бачаи дувум, сеюм... Ва билохира бо писари ягонааш, аммо аксе аз падари хонадон вуҷуд надошт, ингор ин ҳама бачаро Моҳистон худаш ба танҳоӣ зоида буд...
Рўзи мотам хона дар ихтиёри мурдашўйҳо қарор дошт, шояд онҳо вуҷуди аксро дар макони шустушўи ҷасад раво надиданд, ки тасвирҳои рўйи деворро ба гўшаи утоқ андохтанд Найсон акси модарро рўйи замин диду ашк аз дидагонаш фаввора зад, паҳлўи он наққошӣ ба зону афтод, ҳамон тавр, ки субҳи ҷумъа дар бағали ҷасади беҷони Моҳистон ба зону зад ва садояш аз тарс дар гулўяш дармонд.
Рўзи мотам аз суоли «марҳум чигуна даргузашт?» фирор мекард. Танҳо мегуфт: «шаб даргузашт». Охир чи гуна ба мардум бигўяд, ки модараш дар танҳоӣ мурд, касе набуд калимаи шаҳодатро бар забонаш бигзорад, ё қатраи обе ба ҳалқаш бичаконад. Чи тавр мурд? Эҳтимол бо азоб, субҳ вақте ҷасади сарди ўро дарёфт, рагҳои сару гарданаш ба андозае барҷаставу таранг буданд, ки ингор ҷонаш аз дасти аҷал дар шарёнҳояш паноҳ ҷуста бошад.
Гоҳо фикре дар зеҳни Найсон чарх мезанад, ки ба он утоқи кўчак нақли макон кардани модар ва мурданаш дар танҳоӣ, ҳама мустақим ё ғаримустақим ба холадухтараш иртибот дошт.
Вақте модар номаи барои Санам навиштаро ба покет мегузошт, Найсон аз ў пурсид:
– Холадухтар ин ҳама солҳо куҷо буд? – Моҳистон каме сукут кард, лабханди дардолўде дар лабонаш зоҳир шуд ва баъд гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё