Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Духтараки наврас бо чашмони сиёҳи бодомшакл, абрўвони пайваста, гардани баланд, мўйи хурмоиранги фирфирӣ ва гунаҳои гулобӣ, шабеҳи ғунчаи дар ҳоли шугуфтан буд, латифу махмалин. Чеҳраи шод дошт ва ҷавонтар аз оне буд, ки бар марг биандешад.
Аз расидани як такягоҳи беминнат хушҳол шуд ва лабханди ширине заду бозўи пиразанро раҳо кард. Хола як гоми дигар бардошту дар ҷояш хушк шуд ва бо як ҳаракати пирона шолро аз сураташ поин овард. «Чи қадар пир шудааст!» – Пилкҳои шаффову пажмурдаи ў ба рўйи чашмонаш хамида, гўшаҳои абрўвонашро аз тоқи баланд ба поин мекашид. Байни бинниву даҳон дигар фосилае вуҷуд надошт, чашмонаш аз паси шишаи ғафси айнаки бедаста, ки бо нахе ба пушти сараш баста шуда буд, мисли тухми мурғи рўйи тоба бузург менамуд.
Дасти духтаракро дар бозўи чапаш эҳсос накард ва даҳони бедандонаш аз заъфи ҷоғ шабеҳи ҳарфи «О» боз шуд, ў мисли кўдаки навроҳрав такон хўрду ба чеҳраи зани болобаланд чашм дўхт. Зан сайъ кард ба хотир биёрад, ки соли аз ин кўча рафтанаш хола чандсола буд.
«Эҳтимол шаст сол дошт, ҳоло бояд зери ҳаштод бошад, чӣ ҳунарманди худододе буд! Чодару либоси арўсӣ наққошӣ мекард, ин тангкўча бо номи ў шўҳрат дошт, ҳатто коргарони дўконҳои сари ҷода холаро мешинохтанд ва корафтодаҳоро ба сўйи хонаи ў раҳнамоӣ мекарданд.
Бо ифтихор мегуфт: «Ман аз шиками модар бо исми
Қалам ва қаламбадаст ба дунё омадам». – Гўё ин ҳарфҳоро дирўз мегуфт. Дирўз??? Аз он «дирўз» ҳаждаҳ сол гузашт!
– Майҳара? Дуӣ? – Лабони «О» шакли пиразан бидуни тамос бо якдигар ҷўнбиданд, забонаш шабеҳи кирми абрешим коҳилона дар даҳонаш такон хўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё