ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданКоко бо Фаришта меҳрубон буд.
- Мо авғоно мардуми ғарибнавозем, то вахте ма зиндаюм иҷа тура касе озор намета, -мегуфт.
Бо ӯ суҳбат мекард, ҳолу аҳвол мепурсид, сураҳои намозро барояш тафсир мекард ва “ту хувари қуръонии манӣ”- мегуфт. - Ма да Шӯравӣ будум, мамлакати бой аст, тартибу низом дора, занош қашанган, мисли худут, бо мо дастакӣ салом мекадан”- мегуфт. Ҳар бор меомаду “и хувари қуръонии ман куҷоста” мегуфту бо нигоҳи чашмони берӯҳаш Фариштаро меҷуст. Духтар ҳам ба эҳтироми ӯ корашро канор мегузошту ба истиқболаш мешитофт. “Чӣ ҳол дорӣ хувари қанд?, мегуфт пиракӣ ва дудаста бо Фаришта салом мекард, дастҳои ӯро дар кафҳои паҷмурдааш мефишурду чашмони дар сурма ғутидааш хуморӣ мешуданд, тунд тунд нафас мекашид ва баъд “буру ай пайи корат шу”, мегуфт ва тарафи ҳоҷатхона медавид. Фаришта хаёл мекард, ки масонаи мӯйсафед мушкил дорад.
Ин ҳол як моҳ давом кард ва билохира рӯзе хола Наврӯз ба Фаришта фаҳмонд, ки дигар ба ин пиракӣ даст надиҳад.
-Намедонум дар шӯравӣ чӣ тур аст, аммо дар мамлакати мо зано ба мардо даст наметан.
-Чаро? Чӣ ишкол дорад? Ӯ барои ман монанди як падар аст.
-Бача нашу, духтар, ин пираки дасти тура мегира ва таҳрик меша, ҳоҷатхона медава ки худша холӣ куна, ту да куҷо бузург шудӣ, ки ақлат и чизора намегира?
Фаришта аз суханони хола Наврӯз моту маҳбут шуд.
Дилаш шӯрид, худро базур то ташноб расонд ва он чӣ саҳар хурда буд, берун овард.
Ба ёд овард, ки коко ҳафтае се дафъа пайдо мешавад ва агар ӯро дар рӯи ҳавлӣ набинад сабраш сар меояд ва бетоқатона ба ошхонаву ганҷурхона сар мезанад. Фаришта ин рафтори мӯйсафедро дилбастагии падарона мепиндошт ва ба ӯ эҳтиром дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё