ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Хайрият, ки рафт, -гуфт Фаришта ва бо аҷала ба сари тағораи либосҳои ношуста давид. Коко рӯзи дигар бехабар омад, Фариштаро дар рӯи ҳавлӣ диду хушҳол шуд.
-Э хувари қуръонӣ, диқ кардам барот, куҷо будӣ?- гуфту ҳарду дасташро барои салом дароз кард Фаришта ба ӯ салом дод ва осемасар дастонашро дар пушташ пинҳон кард.
-Коко, ман намоз мехонам, бо марди номаҳрам салом карданам раво нест, бубахшед.. Ҳашматулло нохудогоҳ табассум кард, аммо лабаш аз қаҳру ноилочӣ каҷ шуд.
-О и чӣ тур меша, мо тура хувар хондем! Чашмони сурмазадааш аз қаъри сараш берун ҷаҳиданд.
-Ҳар чӣ бошад... мамнӯъ аст.
Ҳашматулло напурсид, ки ин фатворо кӣ додаст, ӯ пушт гардонду азми рафтан кард, аммо чизе ба зеҳнаш расид ва башиддат рӯ ба Фаришта овард, лабонаш меларзиданд, риши ҳинозадааш низ.
-Шумо фоишаҳои шӯравира мардо дар кӯча шалвортона мекашан парво надорен, бо ту бари ма иҷа покдоман шудӣ!- Ҳашматулло ба рӯи Фаришта туф карду рафт.
Фаришта чизе нагуфт, чӣ ҳам мегуфт! Коко амаки Гулоғо аст, ва ҳукмаш дар ин хонадон раво, Фаришта бошад як бардаи зархарид, ки ҳар касу нокас метавонад озораш диҳад ва силие ба сураташ бизанад.
-Пиракии фосид, ту куҷову занҳои покдомани тоҷик куҷо, номи мусалмон бар ту ҳаром! -гуфту аз Насим, ки баҳси Ҳашматулло бо Фариштаро аз назди дари ошхона назора мекард обу собун хост то туфи бадбӯи кокоро аз чеҳрааш бишӯяд.
Бо ҳамин пайи Ҳашматулло аз сохтмони занҳо канда шуд, аммо хола Наврӯз гуфт, ки Фаришта ҳушёр бошад, мӯйсафед хеле қасосгир аст.
Интиқоми коко дер накашид. Рӯзи дигар вақте Фаришта бо хола Наврӯз барои маросими мавлудхонии Маҳваш кулча мепухт, сояи ғафси Маҳваш дар дами ошхона пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё