ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дар бораи робитаи зану мард аз хоҳаронаш шунидааст, ки баъди издивоҷ бешарм шуданд ва байни ҳам бепарда ҳарф мезананд. Ӯ гӯш ба карӣ мезад ва вонамуд мекард, ки ба ин гуфтугӯҳо шавқ надорад, аммо дар хилват даст ба лабонаш, ки то ҳол маззаи бӯсаи мардро начашидаанд, мебурд, синаҳои дастнохурдаашро ламс мекарду дилаш гум мезад, ронҳои чун аспи даванд мушакдору трангаш аз ҳаяҷон меларзиданд.
Ниёзҳои ҷинсӣ бар шарму ҳаё боло мегирифт... Бо гузашти солҳо ин хоҳишҳои дарунӣ дар ҷисмаш ях бастанд. Ҳоло дилаш ба кӯдак гум мезанад, духтарони мижгондарози хоҳаронашро мебинаду об мешавад, хаёлаш, ки онҳоро соатҳо бағал кунад ва ба рӯяшон бӯса занад. Дар чунин ҳолатҳо синаҳояш аз шавқи модарӣ ба дард меоянд.
Ӯ болопӯши ғеҷидаи хоҳарзодаашро аз замин бардошт.
Кӯдак беғамона, бо даҳони боз якпаҳлӯ мехобид, гӯшаҳои лабони гулобиаш гоҳ-гоҳ бо ҳавои лабханд мепариданд.
Шояд афсонаеро хоб медид. Оҳиста аз ҷабинаш бӯсид.
Дилаш нашуд бедораш кунад.
- Ҳаво гарм аст, - гуфту кӯрпаро канор гузошт ва патуи тунукро ба рӯи кӯдак андохт.
- Бигзор бихобад ва хобҳои ширин бинад, Худо кунад, ки мисли холааш паршикаставу нодаркор нашавад.
Рӯзи дарозе буд он рӯз, на ба кор кӯтоҳ мешуд, на ба фикру хаёл. Духтар ҳар қадар худро бо кор андармон мекард, аммо рӯз бегоҳ намешуд.
Падараш аз кор барвақт баргашт, соати чаҳор буд.
Фаришта омаданашро аз панҷараи ошхона дид. Ҳаяҷониву саросема менамуд.
-Занак! - аз дами дар фарёд зад ӯ. Ҳамсараш “лаббай”- гӯён бо аҷала аз хона берун давид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё