Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чойники чой дар роҳи байни ошхона ва меҳмонхона пур мерафту холӣ бармегашт ва соҳибхонаи бовиқору ҳавобаланд шабеҳи ҷавони ҳаждаҳсола чолокона аз зинаҳо болову поён мешуд.
Ҳар замон “зуд бошед, меваҳоро пӯст бигиред, чойро зудтар дам кунед” -мегуфту бетоқат мешуд, ки чаро об дер меҷӯшад. Модару духтар аз лаҳзаи омадани меҳмонҳо ошхонаро тарк накарданд. Кӯдаки бечора, ки шабҳои гузашта то ин дам аз афсонаҳои ширини холааш ҳаловат мебурд, аз танҳои дилтанг шуда ба гиря даромад, ки ӯро пеши модараш бубаранд.

  • Бирав ба бачча бирас, косаҳоро шустаӣ, боқиашро саҳар мешӯӣ.
    Фаришта бо камоли майл пешдоманашро кашиду аз ошхона баромад, аммо дар роҳ ба сӯи ҳуҷраи хобаш буд, ки дари меҳмонхона боз шуду падараш дав-давон аз зинаҳо поён фаромад.
  • Духтарам чойро ту биёр, - гуфт ӯ ва чойники холиро ба дасташ дод.
    Ӯ ин дафъа ба рӯи духтараш нигоҳ кард, чашмони ҳамеша дар зери абрӯвони ғафс пинҳонаш бозу шод буданд.
    Банди дили духтар ларзид, чойникро гирифту саросема ба тарафи ошхона давид.
  • Чӣ шуд? Чаро баргаштӣ? - пурсид модар бо нигаронӣ.
  • Мегӯяд, ки чойро ман ба назди меҳмонҳо дарорам, - овози духтар меларзид. Модар ба рӯи ӯ чашм духт, парешон шуд, аммо сир бой надод.
  • Хайр, падарат хоста бошад, бубар чойро, - гуфт ӯ ва чойники пур аз чойро ба дасти духтараш дод.
  • Бирав духтарам...
    Аз дари бози меҳмонхона садои суҳбати меҳмонҳо ба гӯш мерасид. Фаришта дар долон манъ шуд.
  • Падар чойро бигиред...
  • Биё духтарам, биё, чойникро рӯи миз гузор.
пешина
аз 473
навбатӣ