ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМӯйсафед ин суолро се дафъа такрор кард. Хавоси духтар паршон шуд, аз дарки ҳолате, ки ҳоло як хонаи пури одам ба ӯ нигоҳ мекунанд, наздик буд беҳуш шавад.
- Духтарам, то ин ҷо бо пойи худ омадӣ, “бале”-ро бигӯю корро тамом кун! - гуфт мӯйсафед.
Кампир норозиёна ба мӯйсафед ишора кард, ки ба арӯс фишор наорад ва худаш китфони духтарро навозиш мекард, мисли аспбози моҳир, ки пеш аз зин задани аспи саркаш онро хору мол мекунад, эътимодашро ба даст меорад ва баъд ғофилгир мекунад.
-Бигӯ духтарам, баланд нагӯ, ман шунавам кофӣ аст, - мегуфт ӯ бо овози паст. Он қадар меҳрубониву навозиш кард, ки духтар ноилоҷ бо садои паст “бахшидам” - гуфт .
“Бахшидам”- гуфту ногоҳ дарк кард, ки як боби достони зиндагиаш дар ҳамин ҷо ба поён расид.
“Ман пирдухтари 29-солаам, ки ба гуфтаи падарам, агар бо ҳамин пиракӣ издивоҷ намекардам, дигар саг ба тарафам намеҷакид. Ин мард бист сол аз ман бузург аст, қариб ҳамсоли падарам, вале таззодро бубин, ки ҳатто ӯ ҳам маро намехоҳад, чӣ сарнавишти масхарае дорам!” Кампир чодари арӯсро каме боло карду косаи оби никоҳро ба дасташ дод. Духтар як ҷуръа нӯшид ва косаро ба кампир баргардонд. - Косаро ба шавҳарат бидеҳ, бигзор ӯ ҳам бинӯшад.
Духтар акнун ба ёд овард, ки пушт ба домод нишастааст.
Ҳама ба ӯ нигоҳ мекарданд. Бо дили нохоҳам аз ҷойи нишастааш тоб хӯрду пиёларо ба домод дод. Домод ҳам аз оби никоҳ нӯшид. Ҳама омин карданд ва занҳо як-як ба қуттиҳои хурду бузурги туҳфаҳоро, ки аз рӯи ҳаҷму сохт эҳтимол ҷавоҳирот буданд, ба домани арӯс гузоштанд.
Кампир ба келинаш чи ишорае кард, ки ӯ “ҳозир” гуфт ва баъди чанде бо ҳамон ҷавони ронанда сандуқи пурнақшу нигорро ба хона овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё