Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Домодро роҳ надодед-а? - гуфт ӯ нимшӯхиву нимҷиддӣ.
    Фаришта ҷавоб надод.
    -Хезед, дастшӯӣ он ҷост, ба рӯятон як панҷа оби хунук занед, хобатон мепарад. Ӯ ба даре, ки дар паҳлуи даромадгоҳ буд ишора кард. Фаришта бо аҷала аз ҷой баланд шуд, чодар аз сараш афтид. Соҳибхона аз қомати баланд ва гесувони ба қад баробари арӯс, ки акнун зани додаршӯяш ҳисоб мешуд, чашм намеканд. Ҳусни табии духтар ӯро мафтун мекард.
    -Як пиёла чой нӯшида, баъд равед, роҳ тӯлонӣ аст, гурусна мешавед.
    Фаришта напурсид, ки ин роҳи тӯлонӣ ӯро куҷо мебарад.
    Шоли сафедашро ба сар карду ба самти даромадгоҳ рафт.
    Зани соҳибхона бо тараҳҳум ба Фаришта нигоҳ мекард. Ӯ дар хостгориву интихоби келин ҳамроҳ набуд ва гумон дошт, духтар ягон иллат дорад, ки бо марди бист сол аз худаш бузург издивоҷ мекунад. Аммо ҳоло ба қомати баланд, чеҳраи нозук, абрувони думи мор ва мижгонҳои хамидаи духтар нигоҳ карду ҳайрон шуд, ки чаро волидонаш ба ин васлат розӣ шуданд.
    То аз дастшӯи баргаштани Фаришта соҳибхона субҳона овард, чою ширу панир ва нону асал.
  • Гуфтам ин ҷо роҳаттар аст бароят, чоятро бинӯш, то додаршӯйям мошинашро омода кунад. Зан аз дар баромада буд, ки духтар ба дастархон часпид он қадар гурусна буд, ки ба гуфти худаш гӯё аз дарав омада буд. Ногоҳ саги сиёҳи ҳамеша гурусна ба ёдаш расиду ғами сангине синаашро фишор дод, гиря гулӯгираш кард. Нонро мегазиду ашк рӯяшро мешуст, нонро бо ашкҳои талх фурӯ мебурд. Хонаи падар бо модари мазлум, гови зотии чамбаршох, гусолаи ширмаст ва меҳмонҳои раҳгузар ба ёдаш расид. Субҳона дар комаш заҳр шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ