Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар аз тарсе, ки гов мабодо садо баланд накунад, як дарза алафро бо аҷала ба пешаш партофт.
-Аҷаб иштиҳое дорӣ, даҳонат бистучор соат меҷумбад! - гуфт ӯ ва алафи боқимондаро ба назди гӯсфандҳо бурд. Бо наздик шудани тағораи алаф чаҳор гӯсфанд мисли сарбозҳои ҷангӣ ба пеш давиданд ва агар духтар шитоб намекард, дарахти зардолу решакан мешуд.

  • Оҳиста, омадам, маҳалларо ба сар набардоред охир!
    Гӯсфандҳо якдигарро тела дода, худро ба тағора заданд.
    Дили духтар ба ҳоли ин ҳайвонҳо сӯхт. Ӯ сари по нишасту ба онҳо чашм дӯхт. “Бечораҳо ҳис мекарда бошанд, ки фардо ё пасфардо кушта мешаванд?” Кампири Сокина – пиракии ботаҷрибаи маҳалла мегӯяд, ки мол даҳ рӯз пеш аз забҳ ба дарди сар гирифтор мешавад ва то рӯзи корд ба гулӯяш расидан, гарангу пакар мегардад. Сокина ба зӯр то синфи чор хондааст ва коғази нафақаашро ба ҷойи ӯ келинаш имзо мекунад, вале ба ҳама суол ҷавоб дорад, ангор ду донишгоҳ хатм кардааст. Нисфи марду занҳои деҳа дар рӯи дастони ӯ ба дунё омадаанд ва манаҳи даҳҳо сокини ба раҳмати Худо рафтаро ҳамин Сокина бастааст. Магар ба гапи ӯ мешавад бовар накард? Духтар хам шуду дар рӯшноии чароғи рӯи ҳавлӣ ба чашмони гӯсфандон нигоҳ кард. Аммо дар он чашмони асалии меҳрубон аз гарангиву пакарӣ хабаре набуд!
    Гӯсфандҳо бо иштиҳо алаф мехоиданд ва луқмаи нимхоида дар даҳон фукҳояшон дубора ба тағораи лабшикаста, ки солҳо боз дар хизмати гову моли хонадон аст, меғутид.
  • Поёни умрашонро эҳсос намекунанд, вагарна бояд алаф дар гулӯяшон дармемонд. - хулоса кард духтар ва аз ҳавз барои онҳо об овард. Хеле ташна буданд, обро беист дам кашиданд, мисле, ки моҳҳо рӯи обро надидаанд. Шиками гӯсфандҳо аз обу алаф дам карду ором гирифтанд. Ин дам дар роҳрави торик ду ҷуфт чашм мисли кирми шабчароғ дурахшид.
пешина
аз 473
навбатӣ